Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Садҳо ташаккур, бародари азизу ғамхор.
Илтимос, барои мани бадбахт шумо заҳмат накашед, зеро ки зиндагӣ барои ман дар ин дунёи пурғавғо маъние надорад ва худ аз ин зиндагии тоқатнофарсо безор шудам.

Дорам диле аз нола кашидан оҷиз,
Бемори ғам асту аз тапидан оҷиз.
Дар бутаи ғам агар чӣ садбарг гудохт,
Чун оби гуҳар аз чакидан оҷиз.

Ин аҳволи зори Сабурро дида, аз ғазаби Худованди ҷаббор метарсидам, зеро ки ман ҳам падари бемори 90- сола дорам, ки зиёда аз даҳ сол мешавад, бистарист. Дар давоми ин даҳ сол, мумкин боре, хизмати ўро бо сабаби кору бори зиндагии дунявӣ ба тезӣ иҷро накарда бошаму ў аз ман ранҷида бошад. Худоё, дар қалби падари пири беморам раҳму шафқати падариро ҷой кун, то ки ў аз ман наранҷад ва биҳилам (афв) карда, гуноҳҳои содиркардаамро бахшад. Аз он метарсам, ки дар айёми ғурури ҷавонию нодонӣ, дар талаби ҷойю мансаб, молу сарват, хизмати волидайнро ба хубӣ иҷро карда натавонистем. Акнун, ки умр ба ҷое расидааст, пушаймону дар гумон ҳастем, ки бо рафтору гуфтор ва кирдори худ дар саҳифаҳои сафеди қалби падару модари хеш, чӣ нақшҳои сиёҳеро кашидаем, инро худи эшону Худованди дилогаҳ медонад. Аз он метарсам, ки фардо рўзи қиёмат, паҳлуи тарозуи аъмол бо хатҳои кашидаи сиёҳӣ дар қалби волидон вазнинӣ накунад.

Ҳайф аз нафасе, ки толиби ҷоҳ шудем,
Ғофил бигузашт аз-ў на огоҳ шудем.
Гирем ба худ чӣ гуна мо номи накў?
Бо нафси амора ёру ҳамроҳ шудем.

пешина
аз 191
навбатӣ