ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Духтур Сабурро ба ҳуҷраи кориаш даъват карда, қариб як соат бо ў сўҳбат намуда, ҳуҷҷатҳояшро аз назар гузаронида, баъд аз муоинаи тиббӣ ба назди ману сардор омада гуфт:
– Ин бепарастор ба бемории силли гузаранда мубталост ва сониян, ў хеле парешонхотиру асабист. Мо ўро ҳамроҳи ягон бепарастор хобонда наметавонем, зеро ки беморияш ниҳоят хавфноку гузаранда аст, бо тезӣ ба дигарон мегузарад. Мо шароити тарбияи ин намуд бемориро надорем ва ҳақ ҳам надорем, ки ўро дар хонапарваришгоҳи пиронсолону бепарасторон хобонем.
Сардор нафаси ҷуқур кашида, маънидорона сўям нигарист. Гуфтам:
– Сардор, суханони духтур ҳақ аст, аммо мо мусулмонему мусулмонзодаем, қоидаю қонунҳои ҳақиқию абадӣ ва башардўстӣ дар каломи Аллоҳ, яъне Қуръони азимушшаън ба пуррагӣ дарҷ шудааст. Наход ки мо хилофи он рафтор кунему мурдаи ин муслими бахтбаргаштаро дар кўча монем ва ҷасади онро сагону паррандагон пора-пора карда бихўранд?! Илтимос, ба ҳурмати Офаридгори кулли махлуқот ва Пайғамбари барҳаққаш, охирин маротиба некии ҳақиқию қарзи инсониро ба ҷой оварда, ўро ақаллан як ҳафта, то рўзи душанбеи оянда, дар хонаи алоҳида ҷой диҳед. Ман дар ин муддат барои ў ҷой пайдо мекунаму гирифта мебарам.
Сардор то дергоҳ ба андеша фурў рафта, пас духтурро ҷеғ зада, ўро розӣ кунонд, ки то рўзи душанбеи оянда барояш ҷой тайёр кунад. Ман ба назди Сабур омада гуфтам:
– Сабур, то рўзи душанбе дар ҳамин ҷо хоб мекунӣ, баъд аз шаҳри Душанбе барои ту ҷойи мувофиқ меёбам.
Ў бо ҳасрат нигариста, базўр табассум карда гуфт:
– Ҳазорон-ҳазор шукри Аллоҳ, ки ба монанди акои Ҳабибуллоҳу занаш янгаи Мўниса, шахсони некхоҳ дар дунё будаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё