Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Аз он дар даҳшату ҳаросам, ки ҷисму ҷони маҳзуни ларзонам ба азобҳои ҷаҳаннами Асфалассофилин тоб меоварда бошад?! Ку падари ғамхору модари меҳрубон, ку хоҳару бародар ё зану фарзанд, ки дар вақти ҷон додану мурданам, дар сари болину турбатам бошанд, то ки мурдан ба ман каме осонтару арзон шавад?! Кӣ дар сари турбати ман навҳа кашида, оҳу фиғон мебардошта бошад?! Кӣ маро аз баҳри Худо бо ду метр суфи сафед кафан мекарда бошад?! Пояи тобутамро сароғоз кӣ бардошта ба сўйи манзили охират мебурда бошад?! Кӣ дар ҳаққи мани бесоҳиб, як коса обу як пора нонро садақа медода бошад? Оҳ бародаре, дар қалби маҳзуну ҷигари сўхтаи реш-реши худ ҳазорон саволҳои «кӣ, кӣ»-ю, «чӣ, чӣ» дорам ва онро пурра гуфта наметавонам. Ҳамаи ин саволҳои ҳасратиро дар дили хеш ба хоки хунуки сиёҳ мебарам, зеро ки ба дарду қалби маҳзуни ман касе малҳам шуда наметавонад.
Ҳамчун қарзи инсонӣ дар назди Холиқи арзу само, аз бағали Сабур дошта, ба мошин савораш кардам. Аз сабабе ки вазифаи котиби масъули Шўрои васоят ва парастории назди Ҳукумати шаҳри Ваҳдатро ба ўҳда доштам, ўро рост ба хона-парваришгоҳи пиронсолону бепарасторони шаҳрчаи Роҳатӣ овардам.

Афсўс, ки умр сарфи беҷо кардем,
Сармояи худ ба ҳеҷ савдо кардем.
Не ҷойи иқомату на рўйи гаштан,
Ҷуз бод ба дасти хеш расво кардем.

Бо сардори хона-парваришгоҳи пиронсолону бепарасторон, ки марди дилогоҳи фарҳангӣ аст, дергоҳ сўҳбат намуда, шарҳи ҳоли Сабурро ба қадри ҳол фаҳмонда додам. Сардори ҳалиму дилсўз розӣ шуд, ки ўро ба ин макон қабул намояд. Ў духтурро ҷеғ зада, супориш дод, ки Собиров Сабурро аз назорати тиббӣ гузаронида, баъд дар ҳуҷраи дунафара барояш ҷой тайёр кунанд.

пешина
аз 191
навбатӣ