ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Иншооллоҳ, шифо ёфта, ҷойи зист ҳам меёбед, ҳеҷ кас дар кўча намондааст.
Ў дар ҷавоб оҳи сард аз қалби пурдард кашида гирён шуд ва ғамгинона ҳасрат кард:
– Бародари ғамхору мушфиқ, шаби сиёҳи ман поён надорад ва дарди бедавоямро дармон нест. Дишаб хоб дидам, ки дар лаби ҷарии бепоёне овезонам ва бо як даст буттаеро медорам, то ки ғелида ба таг наафтам. Дар ин ҳангом худораҳматии падарам пайдо шуд ва фиғон бардошта нолидам. Дилаш ба ҳоли мани зор сўхт ва гирён шуду дасташро дароз кард. Мехост, ки наҷотам диҳад, аммо ногаҳон занам Қундузой бо ҳамроҳи модараш пайдо шуда, пеши роҳи падарамро гирифтанд.
Дар ин вақт, дастам аз бутта хато хўрд ва ба қаъри ғори бетаги торик афтодам. Аз болои ҷарӣ садои падарам меомад, ки мегуфт:
– «Сабурҷон, писарам ман туро наҷот доданӣ будам.
Охир, ту ба гуфтаи ман амал намекардию ба хоҳиши зану модарарўсат аробаи зиндагиро мекашидӣ! Аз ҳамин сабаб онҳо бо хоҳиши худ туро ба ин ғори бетаг гуселониданд. Ман чӣ кор кунам? Дилам ба ҳоли зори ту месўзад, вале аҳволи мани гўл аз ту беҳ нест. Хайр, ҳеҷ гап не, ба наздикӣ бо ҳам вомехўрем», - гуфта буд, ки аз хоб бедор шудам.
Пас аз ду соати хоби дидаам сардухтури беморхонаи шаҳраки Мачитон омада, ҷавобам дод. Аз ин хоби дидаам, яқин медонам, ки аз умри ман рўзҳои ба шумор мондааст. Ман аз марг наметарсам, зеро ки кулли махлуқи зоянда муранда аст. Ман аз он метарсаму дар даҳшатам, ки чӣ тавр ва бо кадом азоб Малакулмавт ҷони маро қабз мекарда бошад?! Аз он метарсам, ки ҷойи зист надорам дар куҷо, дар кадом кўча ё лаби ғору даруни ботлоқе мемурда бошам?! Ман аз он шарм медорам, ки дар он дунёи абадӣ назди Худою Пайғамбар (с), падару модар чӣ ҷавоб медода бошам?! Забон мегашта бошад, ки дар даруни қабр ба саволҳои Накиру Мункар аз амалҳои хеш ҷавоб диҳам?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё