ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Ҳашт моҳ мешавад, ки дар ин ҷо хобам, ҳолам ба ҷойи беҳбуд ёфтан бадтар шуда истода аст, зеро пул надорам, дорую дармон қимат...
Имрўз аз беморхона ҷавобам додаанд, куҷо, ба назди кӣ равам, намедонам. Дар гирдобу чорсўи зиндагӣ дармондаам. Бародарон, чӣ кор кунам?!
Шайтон зи хато ноқиси малъуну тар аст,
Ҳар кас, ки хато кард, зи иблис бадтар аст.
Рўзи сиёҳе бар сарам,
Умре гадои ҳар дарам,
Сад арза дорам дар бағал,
Бар кӣ диҳам, бо кӣ барам.
ДАР ИН ДУНЁ БАРОИ МАН ҶОЙ НЕСТ?!
То кай ғами бешумор мебояд хўрд?
Заҳробаи рўзгор мебояд хўрд.
Чун лола барои хештандорӣ,
Хуни дили доғдор мебояд хўрд!
Дар баробари шунидани қисмати талхи Сабур ғам дар дилам хона карду ашк дар чашмонам ҳалқа зад. Дергоҳ дар баҳри андешаҳои дуру дароз ғарқ шуда, дар охир ба соҳил баромадам ва қудрати суханронӣ надоштам, зеро ки ғурбату ҷабр, ҷафои дунёи башарӣ дар гулўям гиреҳ зада буд.
Пас аз лаҳзае ба худ омадаму оҳиста ва меҳрубонона гуфтам:
– Сабур, ғам махўр, магар намедонӣ, ки бузургон фармудаанд:
Аз ноумедиҳо басе умед аст, Поёни шаби сиёҳ сафед аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё