Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ҳарсеямон ба боғчае, ки Юлдузхон он ҷо тарбия мегирифт, рафтем. Аз мураббия хоҳиш кардем, ки Собирова Юлдузхон Сабуровнаро ба мо нишон диҳад.
Мураббия гуфт:
– Мо ин хел духтарчаро бо ин тарз ному насаб тарбия намекунем.
Дилшод журнали гурўҳро талаб кард. Дар ҳақиқат, ин хел ному насаб дар журнал сабт нашуда буд. Дар ҷойи ин ному насаб, ному насаби дигареро Дилшод ба мо нишон дод, ки чунин сабт гардида буд: Бўрихонова Ойқизхон Шерматовна. Мо ҳарсеямон аз мураббия хоҳиш намудем, ки Ойқизро ба наздамон биёрад. Дар аввал ў розӣ нашуд, баъд аз бист сомониро ба кафи дасташ часпондан, чун мум нарму ҳалим гардида, ўро ба наздамон овард.
Оҳ фарзанд, чӣ қадар ширин аст. Дилам таҳ кашид, қариб буд, ки бе ёд шавам, ўро ба оғўш кашида, бўсидам.
Ў худро аз ман дур гирифта, ба гиря сар кард ва худро аз дастам раҳонида гурехта рафт. Пас мураббия гуфт:
– Ойқиз мегўяд, ки падарам дар Русия вафот кардааст.
Модар ба ҷойи ў падари нав, Шерматро аз бозор харидааст.
Дар баробари шунидани ин суханони дилрешкунандаи таҳқиромез ба замин нишаста, зор-зор гиристам. Ба ҳолу зори ман раҳми Дилшоду Ҳабибуллоҳ ва мураббия омада, ашки чашмонашонро пок карда, дилбардориям мекарданд. Ба ин зарбаҳои ҳалокатовари зиндагӣ маризиам даҳчандон авҷ мегирифт:

Забон дорам, вале гуфтор надорам,
Ба ғам дармондаам, ғамхор надорам.
Агарчи солим аст ин ҳарду поям,
Рафиқон, қуввати рафтор надорам.

Ба хонаи Ҳабибуллоҳ баргашта, чор рўз бемори бистарӣ шуда, хобидам ва рўзи панҷум каме ба худ омадаму бо ҳамроҳи ин ҳамсояи вафодорам ба беморхонаи Мачитон омадам.

пешина
аз 191
навбатӣ