Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ба ин қаноат накарда бо пояш гулўямро пахш кард.
Гумон кардам, ки аз дасти ин сайёди аҷал сад ҷон дошта бошам, амон намеёбам. Худованд раҳми мани беморро хўрд, ки ҳамсояашон, як ҷавони некхоҳ давида, аз дасти пирамарди ғулмонанд дошта, илтимос кард ва ҷонамро аз маҳвшавӣ наҷот дод. Қундузой бошад, аз гиребони Ҳабибуллоҳ дошта, дод мегуфт:
– Ҳой лаънатиҳо, чӣ ҳуқуқ доред, ки дар рўзи равшан хонаамро ғорат мекунед, милиса ҷеғ мезанам…
Ин ҷавони паҳлавон, гиребони Ҳабибуллоҳро низ аз дасти ин аҷуза раҳо карда, ҳардуи моро пеш-пеш карда, то маркази шаҳр овард ва насиҳат карда гуфт:
– Шумо медонед, ки ин пирамард кист? Номаш Шермату тахаллусаш «Шағол», яъне Шермати Шағол номаш мебаранд. Ў дар вақташ аъзои фаъоли яке аз тарафҳои даргири ҷанги шаҳрвандӣ, аз тарафҳои Турсунзода буда, падараш туркнажоду модараш эроннажод аст, яъне дурага мебошад. Аз дасти ў ҳар кор меояд, қатли одам барояш кори осону анъанавист. Эҳтиёт шавед. Ў бебаҳра, безурёт аст, аз ў фарзанд намешавад, аз ҳамин сабаб Ойгулро ба занӣ гирифта, фарзандонатро бо қарору ҳалномаи суд, фарзандхонд карда, ному насабашонро ба ному насаби худаш ба расмият дароварда, барои онҳо шаҳодатномаи таваллуд гирифтааст. Ном ва насаби фарзанди калоният Акмалро, ки бо фарзанди ман дар синфи 4 мехонад, дар журнали синфӣ дидам, ки чунин сабт шудааст: Бўрихонов Улуғбек Шерматович, лекин ном ва насаби духтаратро намедонам.
Ин ҷавони некхоҳ, ки номашро баъд ба мо муаррифӣ кард, Дилшод будааст, илова карда гуфт:
– Духтаратон дар боғча мебошад, биёед пинҳонӣ рафта, як маротиба ўро бинеду ба тезӣ аз шаҳр баромада равед, ки Шермат, чун шағол аз паятон афтодааст, ки аз ў ал-ҳазар…

пешина
аз 191
навбатӣ