ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Панҷсад доллари боқимондаро хоҳаронат гирифта, байни ҳамдигар тақсим мекунанд ва ҳамин пулҳоро роҳкиро карда, ҳамроҳи шавҳаронашон ба кишвари паҳновари Русия мераванд, ки то ба ҳол аз онҳо на пай ҳасту на ҳайдар. Мо, то чилрўзагии рўзи вафоти худораҳматӣ ҳамроҳи Мўниса, дар роҳи Аллоҳ душанбегию ҷумъагияшро карда, ду-се ҳамсояро ҷеғ зада, дар ҳаққаш дуои хайр мекардем. Дар маросими рўзи чил бузғолачаеро хун карда, даҳ-понздаҳ одамро даъват кардему мулло Талбакбой оят хонд. Баъд аз он росташро гўям, аҳволи зисту зиндагониям вазнин шудан гирифт, дигар дар ҳаққаш ҳеҷ кореро ба сомон расонида натавонистем. Аз байн чандин сол гузашта бошад ҳам, то ҳол маросими соли падаратро касе нагузарондааст.
Пас аз шунидани ин суханони ҳузнангези акои Ҳабибуллоҳ номаи падарро такрор ба такрор мехондаму мегиристам. Шабро дар хонаи ҳамсояи хуби беҳ аз хеши дур, рўз кардам.
ЗАНИ ДАР ҚАЙДИ ДУ ШАВҲАР
Бо ҳамроҳи Ҳабибуллоҳ, субҳи содиқ дар ҷустуҷўйи зану фарзанд, ки баъд аз падар умедам танҳо ба онҳо монда буд, озими шаҳри Душанбе шудем. Роҳи маҳаллаи Кўҳдоманро пеш гирифтему тугмачаи занги хонаи модарарўсамро пахш кардем. Дар кушода шуду мўйсафеди қавиҳайкале аз пасаш писарчаи зебою дўстрўяки 9-10 солае, аз дарвоза берун шуданд.
Мўйсафед, ки дар тан либоси таҳпўши варзишӣ дошт, мағрурона пурсид:
– Ба шумо кӣ лозим?
Ман гуфтам:
– Ба ман зану фарзандонам, Ойгулу Эркинҷону Юлдузхон, лозиманд.
Дар баробари ин ҷавоби ман, афту башараи ин пирамард тағйир ёфта, шери бадхашми бағазабомадаро мемонд.
Он кўдаке, ки аз думболи пирамард омада буд, раҳмгинона ва бодиққат ба ман менигарист. Шери бахашмомада, бо дасташ ишора карда гуфт:
– Даҳ дақиқа сабр кунед ва худаш ҳамроҳи писарча гашта вориди хона шуданд.
Баъд аз даҳ дақиқа, пирамард ҳамроҳи модарарўсам бо шитоб ба назди мо омада, яку якбора ҳарду бо як овоз гуфтанд:
– Ҳай лаънаткардаи зану фарзанди оқи падар, магар ту зинда будаӣ?! Дар ин шаш сол дар кадом гўру лаҳад мегаштӣ, ки аз ту ягон хату хабар набуд. Одамони аз Русия омада, хабар меоварданд, ки ту мурдаӣ. Ҳоло ту зану фарзанд надорӣ, агар дошта бошӣ ҳам, ў талоқ шудааст, – гуфтан замон Қундузой аз ҷайбаш коғазеро бароварда, ҳамчун ҳуҷҷати раднашавандаю тасдиқкунанда, ки бо ҳуруфи арабӣ навишташудаю бо мўҳр тасдиқкардашуда буд, нишон дода гуфт:
– Ана, ин гувоҳномаи хати талоқ, ки домулло ба ман дод!
Ман гуфтам:
– Охир, шумо нодуруст ба домулло савол кардед.
Хайр майлаш, фарзандонам куҷоянд?
Модарарўсам гуфт:
– Ту сакалту, чӣ тавр исбот карда метавонӣ, ки зану фарзанд дорӣ?! Канӣ, ба ман нишон деҳ шаҳодатномаҳои ақди никоҳу таваллуди фарзандонатро бинем!
Ба ин саволҳо ҷавоб дода натавонистам, зеро ки дар вақташ ба никоҳи суннатии домулло қаноат кардаму аз қайди хонаи ақди сабти никоҳи расмӣ нагузашта будам.
Пирамарди дасту остин барзада, аз гиребонам дошта, аз худаш ду ваҷаб баланд бардошта, дар болои хоктўдаи сари роҳ чун тўрбаи пур аз каҳ ҳавоям дода, гуфт:
– Ҳай оқи падар, агар як бори дигар зану фарзанд гўӣ ва ё қадами нопокатро ба ҳамин тарафҳо гузорӣ, резарезаат мекунам!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё