Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Овози ғазаболуди зан аз пештара дида, баландтар шуд:
– Нагуфтам, ки ту кадом як девонаӣ, девона набошӣ, намедонӣ, ки бобои Собират кайҳост, ки дар қабристон хоб асту писараш Сабур дар Маскав беному нишон гардидааст.
Дар баробари шунидани ин суханон, борхалта аз дастам афтиду худ якпаҳлў ба замин афтода бе ёд шудам.
Чӣ қадар вақт гузаштааст, намедонам. Ҳангоме ба ёд омадам, ки дар меҳмонхонаи ҳамсояамон хобаму Ҳабибуллоҳу занаш Мўниса дар болои сарам истодаанд.
Сар бардошта, ба Ҳабибуллоҳу занаш бо изтироб нигаристам.
– Ҳамсояҳо, падарам канӣ, зану фарзандонам ба куҷо рафтанд, он зан дар хонаи мо чӣ кор мекунад?
Фурсати ҷавоб гардондани онҳо нашуда, тез-тез онҳоро саволборон мекардам. Ба ҳоли зори ман раҳми Ҳабибуллоҳу занаш Мўниса омад, ки онҳо гирён шуда бо нармию дилсўзӣ гуфтанд:
– Сабурҷон, ором шав, хез каме чой нўш, аз роҳи дур омадаӣ, гурусна ҳастӣ, ҳеҷ гап нест, ҳамааш хуб аст.
Хеста, ба болишт такя карда, нишастам. Дар як они воҳид дастархон густурда шуд, гурусна будам, аммо аз гулўям об намегузашт. Тамоми ҳушу хаёлам ба забону гуфтори ҳамсоя банд буд, ки ба саволҳои ман чӣ хел ҷавоб мегардонда бошад. Ин ҳолати маро онҳо пайхас карда буданд:
– Сабур, ба тақдири Худо тан деҳ, шукру сабр кун, ки зинда будаӣ. Падарат дар орзуи дидори ту дунёро падруд гуфт. Баъди марг аз зери болинаш ана ин «Васиятнома»- ро ёфтем, ки бароят ба ёдгорӣ гузоштааст, - гуфта, онро ба ман доданд.
Номаи падарро чун тўмор бўсида, ба дидагон мемолидаму такрор ба такрор мехондам ва санги маломат бар сар зада, зор-зор мегиристам. Баъди гиряву нола ва оҳу фиғони тўлонӣ каме ба худ омада, сабук шудам ва ба акои Ҳабибуллоҳ бори дигар бо тааҷҷуб савол додам:
– Дар хонаи мо он зани бадгуҳари бегона чӣ кор мекунад?
– Вақте ки падарат аз дори дунё гузашт, дар хонаатон як тини пучак ва ҳатто як метр суфи сафедро барои кафан кардани ҷасадаш ёфт карда натавонистем. Хоҳаронат ҳамроҳи шавҳаронашон, пас аз марги падарашон омаданд. Онҳо дар назди муллою раиси маҳалла изҳор карданд, ки нони хўрданӣ надоранд, барои харҷи маросимҳои дафну худоиҳо ягон тин кўмак карда наметавонанд. Дар шоҳидии мулло Талбакбой ва хоҳаронат акои Каттахўҷа сесаду панҷоҳ сомонӣ бароварда, дар болои маит (мурда) партофт ва мулло дуо кард. Бо ҳамин маблағ харҷи маросими дафнро раиси маҳалла акои Каттахўҷа худаш гузаронид. Баъди гўронидани падари раҳматият, акои Каттахўҷа мулло Талбакбойро ба хона оварда, дар шоҳидии хоҳарону язнаҳоят мероси падаратро тарака карданд. Пас аз марг молу сарвати падарат ғайр аз ҳамон хонаи зисташ дигар чизе набуд. Меросхўрон танҳо ҳарду хоҳаронат ба ҳисоб мерафтанд ва туро мурдаи бе ному нишон гуфта, шаҳодат дода буданд. Мулло Талбакбой бо маслиҳати Каттахўҷа, хонаро 1000 доллари амрикоӣ нарх монда, ба бародари Каттахўҷа Валихўҷа, бо ҳамин нарх фурўхтанд. Пули хонаро акои Каттахўҷа дод, охир ў бо бародараш дар як хона, хонаи аз падарашон меросмонда, якҷоя мезистанд.
Зани Валихўҷа, зани шаттоҳи ҷанҷолӣ буд, аз ҳамин сабаб, Каттахўҷа, ҳарчӣ тезтар мехост, ки аз ҷангу ҷанҷоли занҳо халос шаваду хонаи калони падар танҳо аз они ў шавад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Хабари фурўхтани хона ба гўши зану модарарўсат ба шаҳри Душанбе рафта мерасад. Онҳо баъди маросими ҳафти падарат, бо ду се нафар авбошони роҳзан (рекетҳо) шабона омада, ҳаққи Акмалу Юлдузхон гуфта, 500 доллари пули хонаи фурўхташударо аз дасти хоҳаронат зўран кашида гирифта, ғайб заданд.

пешина
аз 191
навбатӣ