ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Ин орзуҳои амалинагаштаи падар, ба ёдам омаду дилам таҳ кашида, худ ба худ аз кору кирдорам шарм кардам ва санги пушаймонию маломат бар сар мезадам.
Писарчаам, Акмалҷони дўстрўяку духтарчаам, Юлдузхони хандонакро хеле пазмон шуда будам. «Дар баробари ворид гардидан ба хона, аввал падари азизамро ба оғўш кашида, мебўсаму сонӣ бахшишу афв металабам.
Акмалҷону Юлдузҷонро ба сари китфонам бардошта, гирд-гирди ҳавлиямон метозам. Ойгулҷонро бошад шоду хурсандаш намуда, узри гуноҳонамро аз ў мехоҳам», - ба дил меандешидам.
Ногаҳон, садои ронанда, гўё аз хобу хаёлҳои ширин бедорам кард:
– Ако, хонаатон дар куҷои деҳа ҷойгир аст?
Сар бардошта, ба атроф назар афкандам, ки хонаамон аз дур намоён шуд.
– Дар назди ҳо ана ҳамон дарвозаи сабзи кўҳна истед!
Мошин дар назди дарвоза истоду як борхалтаро ман, борхалтаи дигарро ронанда бардоштем. Ў борхалтаи дар дасташ бударо оҳиста ба китфаш гузошт, ба фикрам хаёл кард, ки дар ин борхалтаҳо чизҳои қиматбаҳо ҳаст.
Намедонист, ки либосҳои кўҳнаи хонагию кориро аз бўстонсаройи Белла Годунова ҷамъ карда, бо худ овардаам. Ронанда пешдастӣ карда, дарвозаро кушода, садо баланд кард:
– Бобои Собир! Ҳой бобои Собир!
Зани миёнсоли фарбеҳи сиёҳҷурдаи лўлиандом дари хонаро кушод ва бо қавоқҳои гирондаи ғазаболуд гуфт:
– Ҳа, ҳа, чӣ гап, оё ту девона-певона нестӣ мегум, охир ту худат кӣ ва чӣ мегўӣ?
Ронанда аз ин суханони нешдори зан ҳайрон шуда, бо нармӣ гуфт:
– Янга, шумо ба Сабур кӣ мешавед? Бобои Собирро гўед, ки писараш аз Русия баргаштааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё