ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Гўё ман касеро ва ё чизеро меҷустам, лекин касе аз омаданам хабар надошт ва агар хабар медошт ҳам, аз ташрифи нобаҳангомам хурсанд намешуд. Баръакс, чандин хешу таборонро дар ташвишу хиҷолат мемондам.
– Ако, борхалтаатонро ба ман диҳед. Ба куҷо меравед, бурда мерасонам, - аҳволи зорамро дида гуфт нафаре. Ин ронандаи таксӣ буд, ки риштаи тахайюлоти маро канда парешон кард.
– Ман он қадар пули бисёр надорам, ки то деҳаи Навобод баред, - гуфтам ба ронандаи таксӣ.
– Майлаш, чӣ қадаре ки ҳиммат кунед, аз рангу намудатон маълум аст, ки шуморо дар роҳ ғорат кардаанд.
Сир бой надода, ба таксӣ нишаста, роҳи деҳаи кўҳиро пеш гирифтем. Ба зодгоҳи азизу хоки поки ватан наздик мешудам, давраҳои ҷавониям ба ёд меомад. Диёри мардум, ғарибӣ чӣ даҳшате дорад. Мардум беҳуда намегуфтааст, ки «гов дар диёри мардум гўсола аст».
Ватани азиз барои марди ғарибгаштаи ҷафокашида, ки баъди ҷудоиҳои тўлонӣ ба он бармегардад, чӣ нашъаю кайфияте дорад. Ҳар як буттаю дарахт, кўҳу пушта, ҷўйю дара ва сангҳои сари роҳи зодгоҳам Навобод, бароям шиносу азиз буд. Зеро даврони тиллоии умр кўдакию наврасиямро дар ҳамин ҷойҳои муқаддас гузаронидаму аз нашъаи гуворои боду ҳавои кўҳистон нафас кашида, лаззат бурда будам. Фарзанди эркаи падару модар будаму чӣ будани ғаму дард ва меҳнату заҳмати дунёро намедонистам. Ба дарахти чормағзи яккаи назди деҳа наздик шудаму солҳои кўдакиям ба ёд омад, ки ҳамроҳи падар рўзҳои навбати пода, дар сояи ин дарахти чормағзи азим нисфирўзӣ истироҳат мекардем.
– Орзу дорам, ки туро хонандаи Қуръон кунам ва пас аз он ба ягон мактаби олӣ дохил шавию инсони комил гардӣ, пас бимирам, дигар муроду ормоне дар дил надорам, - насиҳаткунон мегуфт падарам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё