Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Белла Годунова асар карду аз сумкачааш 450 доллари амрикоиро бароварда дод:
– Серёжа, дилам ба ҳоли табоҳи ту сўхт, ҳаминро гиру ба ватанат баргард. Агар як сухани беҷойи дигар гўӣ, Арменро ҷеғ мезанам, саратро аз тан ҷудо карда, дар ҳамон чоҳи даҳметрае, ки худат канда будӣ, пинҳонат мекунад. Дар давоми садсолаҳо, касе ҷасадатро намеёбаду тифлаконат дар орзуи дидори падар солҳои сол интизорӣ мекашанд.
Чӣ илоҷ, 450 долларро гирифтаму аз тарс даҳҳо маротиба раҳматаш гуфтам. 200 долларро роҳкиро кардам ва дар давоми шаш соли корию ҷудоӣ аз ватану падару хоҳар ва зану фарзанд аз кишвари Русия бо 250 доллари амрикоӣ ба ватани азиз баргаштам. Дар давоми ин шаш сол, бемории силли гузарандаро аз шавҳари марҳуми Белла Годунова, ҳамроҳи либосҳояш ба мерос гирифта, дар беморхонаи Мачитон шарбати дарди ҳиҷрону ҳасрати бепоёнашро мечашам.

Дар бистари беморӣ чу бедор шудам,
Аз неку бади ҷаҳон хабардор шудам.
Бар қадри азизону бузургон нарасидам,
Дар ҳасрати зиндагӣ ҳама зор шудам.

ОҚИБАТИ САФАРИ РОССИЯ
(аз сафар марази бедаво овард)

Мани ранҷур, аз таъсири шароити на он қадар хуби қатора дар роҳ сулфаам зиёд шуду хастаю бемадор гардидам. Ҳамҳуҷрагони дар қатора будаам, аҳволи зори маро дида, ҳамчун қарзи инсонӣ ёрию кўмакам мекарданд. Қатораи самти Маскав – Душанбе, соати шаши бегоҳӣ дар истгоҳи шаҳри Душанбе омада расид.
Мани ҷавони сиюнўҳсола, шабеҳи пирамарди фартути навадсола ба асодастаам такякунон, аз зинаҳои ҳуҷраи қатора, бо як азоби алиме фаромада, оҳиста-оҳиста қадам гузошта, дар саҳни истгоҳ истода дам гирифтам.

пешина
аз 191
навбатӣ