ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Аз ин вохўрии нобаҳангом, дасту пой гумкарда «Белла, Белла» гуфта, баланд садо кардам. Дар ҳамин вақт дар кушода шуду Белла бо нозу карашма баромада, ба он ҷавони ғўлмонанди чун ман гўлу гумроҳ муроҷиат карда гуфт:
– Армен, зайди домой, я сама с ним разберусь.
Армен бо корди дар дасташ буда, бозикунон вориди хонаи хоби Белла шуд. Белла бошад, бо нозу карашма ба ман наздик шуд:
– Серёжа, чӣ мехоҳӣ?
– Худат ваъда карда будӣ, ки дар вақти ба ватанат баргаштан, барои аҳли оилаат 2000 доллари амрикоӣ медиҳам, барои ҳамон омадам. Бо ин пул дар ватан худро муолиҷа карда, боз ба наздат барои хизмат бармегардам.
Бо шунидани суханони ман ў қоҳ-қоҳзанон хандид:
– Оҳ, нодони гўлу гумроҳ! Ту худ медонӣ, ки беморият шифоёбанда нест. Инро маризи силли (туберкулёз) гузаранда меноманд. Шавҳари ман ҳам ба ҳамин беморӣ гирифтор шуда, бо азобу сахтиҳои зор аз олам даргузашт.
Боз ту ба назди ман нияти баргаштанро дорӣ?! Дигараш ин, ки дар беморхона, барои табобати ту 3000 доллари амрикоӣ харҷ кардам. Ҳоло ту аз ин ҳисоб аз ман 1000 доллар қарздор ҳастӣ, бояд онро баргардонию баъд ба ватанат раҳсипор гардӣ!
Аз дасти ту аз биҳишт афканда шудам,
Дар пеши Худо хуб будам, ганда шудам.
Аз макру фусуну ҳилаву найрангат,
Шармандаю шармандаю шарманда шудам.
Дар баробари шунидани ин суханони маҳбубаи ба
ҷону дилу ҷигар баробарам, чӣ гуфтанамро надониста,
сулфа гулўгирам кард, ки дуру дароз сулфидам ва дар
охир ниҳоят дилшикастаю ноумед шуда, чун кўдак зорзор гиристам. Аз гиряҳои талх-талхи ман, раҳм дар қалби

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё