Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Баръакси ман ў рўз то рўз ҷавону зебо мегардиду чун гули тару тоза мешукуфт. Умуман, се ҳафта мариз шуда, дар беморхона хобидам. Духтурон гуфтанд, ки шушат хунук гирифтааст.
Ин хабарро Белла шунида гуфт:
– Серёжа ту мариз ҳастӣ, бемории гузаранда дорӣ ва бояд дар хонаи дигар хоб кунӣ.
Ҳамин тавр, як моҳ дар бўстонсаройяш, ки 5 км аз хонааш дур буд, хоб кардаму каме ба худ омадам. Дар давоми ин як моҳи ҷудоӣ, аз хоби ғафлати шашсолаам бедор шудам. Ба худ меандешидам:
– Худоё, ман хобам ё бедор, девонаам ё ҳушёр, ки дар давоми шаш сол ҷисми солиму умри ҷавониямро хазон карда, барбод додам. Ба падари ғамхору хоҳарони меҳрубон ва зани ҷавону фарзандони чашминтизор хиёнат кардам. Дар давоми ин шаш сол ба онҳо ақаллан пули пучаке равон накардаму аз ҳолашон бохабар нашудам. Барои кӣ кор кардам, канӣ музди кори шашсолаам?! Ҳамаашро дар кайфу сафо ва маишат сарф кардам. Дареғ, сад дареғ, хато карда будаам! Акнун ин кайфу сафо заҳри танам мешаваду чун хуну зардоб аз биниям меояд.
Баъд аз як моҳ, субҳи барвақт аз хоб хеста, дасту рўямро шуста, ба мошини сари роҳ савор шуда, ба хонааш омадам. Хостам, ки назди Белла рафта, гўям, ки ба ватан барои табобат гирифтан бармегардам, ту музди ваъдакардаатро деҳ ва ман худро аз ин беморӣ табобат карда, баъди як ё ду моҳ боз ба наздат барои хизмат меоям.
Вориди ҳавлӣ шуда, тугмачаи дарро зер кардам, ҳеҷ кас дарро накушод. Бори дигар зер кардам, ҳамин тавр бист дақиқа интизор шудам. Ногаҳон, дар кушода шуду як ҷавони қавиҳайкал, дасту остин барзада, дар сари ангуштон корди дудамаеро бозӣ доронда, ба сўям омада, бо сиёсат гуфт:
– Ара, чего хочеш? Отвали отсюда, сейчас зарежу!

пешина
аз 191
навбатӣ