Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Гуфт:
– Серёжа, ту ба ман маъқул шудӣ, дар ҳақиқат йигит будаӣ. Аз ҳамин соату аз ҳамин рўз, ту аз они ман ҳастӣ, туро ба ҳеҷ кас намедиҳам!
Дар ҳақиқат, шаш сол дар хизмати ў будам. Ў гўё шоҳзода, парии духтари ҷодугар буду маро сеҳр карда, дар пушти кўҳи «Коф» нигоҳ медошт, ки на зану фарзанд, на падару модар ва на ватану зодгоҳ ҳеҷ гоҳ ба ёдам намеомад. Ин зани калонсол дар чашмам чун духтари ҳаждаҳсолаи паризод менамуду дўсташ медоштам. Кори вазнин намекардам, танҳо вазифаи ошпазию ронандагии ўро иҷро мекардам. Рўзона ба мошини тамғаи хориҷӣ савор шуда, ба сайру саёҳат мерафтему субҳу пешину шом таом тайёр мекардам. Аз соати ҳафти бегоҳ то соати ҳафти пагоҳӣ дар бистари гарму нарму гуворо дар “хидматаш” будам ва ҳеҷ хаста намешудам. Белла дар ишқварзӣ чунон сайёди моҳире буд, ки сайди ба домаш афтода ҳеҷ гоҳ аз ў дил канда наметавонист. Ҳама гуна тарзу усулҳои ишқварзиро медонист ва иҷро мекард.

Гўё ман чу Вомиқаму ўст Узроям,
Ҳамчун Юсуфам ошиқи Зулайхоям.

Бо гузашти айём, оҳиста-оҳиста осори заифию сустиро дар ҷисму ҷонам эҳсос мекардам. Ў ин сустии маро пайхас карда аз куҷое, ба ман доруҳои махсус оварда мехўронд, ки дар аввал қувваи шаҳвонии пештараамро то як муддати муайян барқарор мекард.
Оҳиста-оҳиста ин доруҳо дигар таъсирам накарданду дар ҷисмам сустию лоғарӣ асар кардан гирифт. Рўз то рўз лоғар мешудам, гоҳ-гоҳ дурудароз сулфа мекардам ва баъди он ҳарорати баданам баланд шуда, то ба чиҳил дараҷа мерасид.
Ин ҳолати ногувори ман боиси дилсардии Белла гардида буд ва муносибаташ тамоман дигаргун шудан гирифт.

пешина
аз 191
навбатӣ