ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Вақте ки исми поку муқаддаси модарро ба забон овард, ман дилпур гардида, аз ҷевон шишаро гирифта, даҳони шампонро кушода, дар як қадаҳ рехтаму ба қадаҳи дигар шарбати мандарин рехтам. Ў ҳайронҳайрон ба сўям нигариста, гуфт:
– Чаро дар қадаҳи дигар шароб нарехтӣ?
– Мусулмонзодаам, дар ҳаётам шаробро нанўшидам, - гуфтам.
– Йигит, нанўшида бошед, акнун менўшед!
Чӣ илоҷ, аз тарсу зарурат нўшидам, ки аз кор пешам накунад. Баъд хўрокҳои дуюму сеюмро пайи ҳамдигар кашидан, қадаҳ мебардоштем. Баъди холӣ шудани шишаи шампон, ба нўшидани «коняк» сар кардем. Аз соати шаши бегоҳ то соати дувоздаҳи шаб ҳамроҳи Белла менўшидему дар атрофи ҳар як ҳодисаю воқеа ва корҳои гузаштаю ояндаи зиндагӣ баҳс мекардем. Дар охир Белла суруди шўхеро дар фиттаи магнитофон монда, риштаи сўҳбатро ба дигар тараф гардонда, аз олами ишқу ошиқӣ гап мезад:
– Шавҳарам панҷ сол пеш аз бемории сил вафот кард.
Аз он замон то ба имрўз ба ягон мард наздик нашудаам ва ҳеҷ касро дўст надоштаам. Гарчанде чандин ҷавонони аз худам 10-15 сол хурд изҳори муҳаббат карда бошанд ҳам, ман рад кардам. Серёжа, шумо ба шавҳари ман хеле монанд ва мисли ў хушрўю ҳунарманд ҳастед, шуморо дўст доштам. Шуморо дидаму аз нав ҷавон гаштам ва дар дилам ишқ пайдо шуд, - ниҳоят ба сари мақсад омад зан.
Дар суханони охирини ин зани 55-сола, ки аз ман 22 сол калон буду дар аввал ба ман писар гуфта, муроҷиат мекард, ҳайрон шуда, моту мабҳут мондам. Оҳистаоҳиста ў худашро ба ман наздик кардан гирифт. Ман бошам рамида-рамида, худро дур гирифтам. Ба тадриҷ таъсири шароб ғолиб омаду ақлу ҳушамро тира кард.
Дигар чӣ мегузашт, фаҳм карда наметавонистам. Вақте аз хоб бедор шудам, худро дар оғўши Белла дидам. Хостам, ки оҳиста аз бистар хезам, вале ў бедор шуду маро боз сахттар дар оғўш кашид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё