Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Баъди ҳазлу шўхӣ, ў аз ман хоҳиш кард, ки ин бегоҳ барояш чанд навъ таоми беҳтарин пазаму ҳунари ошпазии худро нишон диҳам. Дар ошхона тамоми намуди озуқа тайёр буд. Ман ҳунари худро нишон доданӣ шуда, се намуд хўроки беҳтаринро тайёр кардам. Хонаи ин зан ба қасри шоҳона шабоҳат дошт. Таомҳоро тайёр карда, дар сари мизи хонаи хўрокхўрияшон дастархон густурдам. Аввал таоми якумро ҳамроҳи дигар газакҳои тайёркардаам ҷо ба ҷо гузоштаму дар ошхона дам гирифта нишастам. Ногаҳон Белла маро ба сари дастархон даъват кард, аммо ман узр хоста рад кардам. Ў бори дигар даъват карда гуфт:
– Ин хонаро аз они худ дон! Мана ин либосҳои хонапўширо гиру даромада, дар ҳаммом шустушўй карда, омада дар сари дастархон нишин. Ҳамроҳ хўроки шомро мехўрем, ман танҳо хўрок хўрданро хуш надорам.
Ман аз тарс ё ягон ҳисси дигар, хоҳиши ўро рад карда натавонистам. Сару либоси навро ба даст гирифтам, ки аз он бўйи муаттари атри фаронсавӣ ба машом мерасид.
Дар ҳаммом шустушўй намуда, либоси навро пўшидам.
Росташро гўям, худро дар оина қариб буд, ки нашиносам.
Пас аз кашидани таом, ў ба шишаи шампони дар ҷевон истода, ишора карда гуфт:
– Ту чӣ хел йигити тоҷикӣ, ки шампонро намекушоӣ ва ба зан хизмат намекунӣ?
Ман суп-сурх шуда, карахт шуда мондам. Росташро гўям, ҳеҷ гоҳ шароб нанўшида будаму дар шаробнўшӣ ба занҳо ҳам хизмат накарда будам. Белла бори дигар бо як табассуми ширину тарзи ҳалимона муроҷиат карда гуфт:
– Писарам, хиҷолат накаш, шарм надор, ман модарат мешавам, ба ман хизмат кунӣ, соҳиби ҳама чиз, яъне молу сарват мешавию ба хонаат бо пули калон бармегардӣ.

пешина
аз 191
навбатӣ