Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Баъди қарздор шуданамон, як моҳи дигар дар хонаи ҳамон яҳудӣ барои ҷуброни хўрду хўрок кори ройгон (бепул)-ро иҷро кардем. Дар корхонаю бўстонсарои Борис Годунов, ки марди тахминан 32-33 сола буд, ман вазифаи ошпазро иҷро мекардам. Ман ошпази моҳир будам, зеро ки ин касбро ба ман модарарўсам, Қундузой, ёд дода буд. Таомҳои пухтаи ман ба Борис, ки ҳамсинну соли ман буд, бисёр писанд омад. Дар рўзи мавлудаш, ки ба якуми май рост омад, маро барои тайёр кардани оши палави тоҷикӣ ба хонааш даъват кард. Хонааш дар шаҳри Орехово–Зуево-и назди Маскав ҷойгир шуда буд.
Ду рўз пеш аз ҷашни мавлудаш маро бо мошини тамғаи «Ҷип»-и хизматияш ба хонааш оварда, бо модараш, Белла Годунова, шинос кард:
– Модарҷон, ин кас Сабур Собирович, ошпази беҳтарини тоҷик, ҳама гуна таъомҳоро ба дараҷаи аъло пухта, тайёр карда метавонад. Дар давоми ҳамин ду рўзи боқимонда, дастархони ҷашнӣ сад фоиз тайёр бошад, - гўён ба ман муроҷиат кард. Модараш барои ману Борис қаҳваи гарм овард. Қаҳваро нўшидему Борис хайру хуш карда, ба бўстонсарой баргашт. Ману Белла Годунова танҳо монда, дергоҳ сўҳбат карда нишастем. Ў зани сапсафеди зебо буд, лекин солхўрда буд. Баъди як моҳ ў ҳам рўзи мавлуд дошт ва ба синни мубораки 55 қадам мемонд.
– Чӣ хуб, ҳамсоли писарам Борисҷон будаед! Ў каме аз шумо калонтар, яъне панҷ моҳу 21 рўз.
Баъди аҳволпурсӣ Белла Годунова афзуда гуфт:
– Сабур, ман туро Серёжа ном мебарам, оё намеранҷӣ?
– Не, ҳаргиз!
Ў гуфт:
– Серёжа, медонӣ чӣ, аз ҳама давраҳои ҳаёти инсон, хубтарину беҳтарин, яъне авҷи камолоти мард, ин синни 33-солагии ўст. Дар ин синну сол, мард ба ҳар як кор қодир аст, чуноне ки дар китобҳои муқаддаси мою шумо «Инҷил» ва «Қуръон» оварда шудааст: «Фардо, дар рўзи растохез, яъне қиёмат, ҳама марду зан дар синни мубораки 33-солагӣ бармехезанд».

пешина
аз 191
навбатӣ