Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Кардам фаҳшу дурўғу ҳазл пеша,
Задам бар пойи худ садҳо теша.

Бародарҳо чунин арз дорам имшаб,
Ки як ҷони ширин қарз дорам имшаб.
Ҳаёту умри ман бигзашт ба хорӣ,
Ки шармсорам ба кирдорам имшаб.

Баъди хондани ин абёти ғамангез боз дурудароз сулфида, ба тафсил давом дод:
– Дар ҳаёти худ ду хато ва ду гуноҳи азими нобахшиданиеро содир кардам, ки зиёни ин хатоҳою ин гуноҳҳо умри ҷавонамро хазон карда, ба ин ҳоли зоре, ки мебинӣ, оварда расондам. Хатою гуноҳи аввалам, бе розигии падар хонадор шуданам бошад, хатою гуноҳи дувумам, ин бе иҷозати падар азми сафари Русия карданам буд.

ИШҚИ ЗАНИ РУС ДУНЁВУ ОХИРАТАМРО СЎХТ

Феврали соли 1996 бе дастури падари ғамхор, зану фарзандонам Ойгулу Эркин ва Юлдузро ба хонаи модарарўсам Қундузой оварда мондаму ҳамроҳи ду рафиқи кўчагиям озими шаҳри Маскав шудам. Шаш моҳ сарсону саргардон, дар растаю бозор, ҷангалу бўстонсаройҳои ин шаҳри азим чӣ азобҳои сангинеро аз сар гузаронида, ташнаю гурусна умр ба сар бурдем.
Доимо, аз милиса шаттаю шалоқ хўрда, он рубли бо азоби алиму заҳмати сангин ёфтаамонро аз тарси ҷон ба онҳо медодем. Гоҳо моҳҳо, чун кирми лойхўрак, корҳои гуногуни сохтмониро иҷро мекардему аз фиребу найранги миёнаравон ва ё соҳибони бади корхонаҳо, бо баҳонае аз музди меҳнат бенасиб мондем. Ду маротибаи дигар, баъди иҷрои корҳои пурзаҳмати тўлонӣ бо баҳонаи бардурўғи паст будани сифати корҳоямон, ба ҷойи гирифтани музди меҳнат қарздор шудем.

пешина
аз 191
навбатӣ