ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Чун асо гум мекунад ҳолаш бад аст,
Зери по афтодаву дар хок рад аст.
Мар чунин аст ҳоли ҳар як, чун асо
Гум кунад дар роҳи хеш ӯ бо Худо.
Гарчи имон аст асомон, гум макун,
Бе асо азми сафар бар Рум макун.
Роҳ дароз асту ба Рум кай мерасӣ?
Ғайри имон пеши Холиқ чӣ касӣ?
Пас, мадеҳ, ай кӯр, асотро бар дигар,
То намонӣ ҷони хешро дар хатар.
Он асо дар дасти Мусо буд ақл,
В-он ки аз имони ӯ дорад нақл.
Ақл раҳонд ӯро зи дасти нобакор,
Ақл фурӯ бурд мори ӯ чун аждаҳор.
Ақл бигашт дар дасти Мусо чун асо,
Фарқ кушод байни наҳору кард раҳо.
Чун асо ақлро ба кор бурд, об гашт
Аз дили санг омаду зуд рафт дашт.
Бас зиёданд қиссаҳо аз ину он,
Гашта оям бори дигар ман бар он.
...
Абуҳурайра (р.а.) ривоят мекунад, ки Паёмбари акрам, Муҳаммад мустафо (с.а.в.) чунин гуфт: “... ло йулдағу ал-муъмину мин ҷуҳрин воҳидин марратайн”, яъне, “... муъмин аз як сӯрохӣ дубора газида намешавад”.
Бале, муъмин, яъне имоноварда ба Худованди карим, набояд ки ҷони азизи худро, мисли он “кӯре”, ки ҳар даму гоҳ асои худро гум мекунад, зери хатар гузорад.
Имон – нурест, мисли ана ҳамон асоест дар дасти кӯри огаҳ, ки медонад ки агар онро гум кунад, раҳгум мезанад, пешпо мехӯраду меафтад, афту андомаш чиркину дарида мегардад ва танаш аз ҷароҳат, - озурда.
Агар имони муъмин мукаммал бошад, пас, вай ҳеҷ гоҳ “асо”-и худро гум намекунад ва агар ҳатто як бор гум карда бошад ҳам, пас, дасти худро, дигар, ба ана ҳамон як гуноҳ дубора намезанад.
……….
- Оид ба масоили кибр ва варзидани он.
Аз чӣ бошад, ай Азозил, з-амри мо
Сар кашидӣ? Маъқулат н-омад туро?
Аз чӣ бошад махлуқам маъқул машуд,
Бар ту, ай дида ҳуруф аз вақфи худ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё