Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аз ҳадиси дигаре ман табъ кунам:
...

Каъаб бин Молик (р.а.) ривоят мекунад, ки Паёмбари акрам, Муҳаммад мустафо (с.а.в.) чунин гуфт: “... масалу-л-муъмини камасали-л-хомати мина-з-заръи туфийъуҳо-р-риёҳу, тасраъуҳо марратан ва таъдилуҳо ухро ҳатто таҳийҷа ва масалу-л-кофири камасали-л-арзати-л-муҷзияти ъало аслиҳо, ло йуфийъуҳо шайъин ҳатто йакуна инҷиъофуҳо марратан воҳидатан..”.

Яъне, дӯстам, Паёмбар (с.а.в.) чунин фармуд: “... мисоли мусалмон монанди
киштаи тару тоза аст, ки бод ӯро ба ҳар тараф каҷ мекунад: як бор онро
ба тарафи замин мебарад ва бори дигар рост мекунад, то ин ки хушк
шавад. Ва мисоли кофир монанди дарахти санавбар аст, ки бар соқаи худ
собиту устувор аст. Ҳеҷ чиз ӯро каҷу мутамоил намекунад, то ин ки
якбора аз реша канда шавад...”

Яъне, дӯстам, се чизи муҳимеро Паёмбари акрам (с.а.в.) бо ин гуфтаҳои худ ва далелҳои овардааш, исбот мекунад: аввал ин, ки мусалмон, мисли он киштаи тару тоза бояд “ҳосил” дошта бошад ва он бар нафъи худ ва дигарон поянда бошад, на ки мисли санавбар, ки ҳосили хӯриш надорад, ҷуз мояе барои оташдон ва ё хоначӯбӣ.

Ва дигар он аст, ки кибру ташбеҳи он, - ғуруру гарданфарозӣ, оқибат “санавбарро” мисли ҳезум сӯхтанист дар оташдон ва ё аз боди сахти Худованд, решакан шуданист, яку якбора.

Ва севум ин аст, ки санҷиши Худованди карим бо он ҳама “хам карданиву хушк кардани” он кишта, бар нафъи худи кишта аст, ки ҳамеша тарутозагии худро риъоя мекунад, оқибат соҳиби ҳосили хуб мегардад.

……….

  1. Оид ба масоили монандии имон ба асои кӯр ва ё ба ақли комил ва дубора такрор накардани гуноҳон.

Мардуме гӯяд, ки кӯр як бору тамм,
Худ надонад, лек кунад бар худ ситам.
Мехӯрад пешпо асо гум карда ӯ,
Мешавад уфтодаву хокхӯрда рӯ.
Дасту рӯяш мешавад аз хок палид,
Инчунин як ногувор ҳолат кӣ дид?!
Санг бидаррад остину домони кӯр,
Ғелида аз ҷои худ хезад базӯр.
Лек чу чашмонаш набинанд пеши по,
Бори дигар сар(ш) равад зуд зери по.

пешина
аз 175
навбатӣ