Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

...

Анас (р.а.) ривоят мекунад, ки рӯзе Паёмбари акрам, Муҳаммад мустафо (с.а.в.) чунин фармуд: “... иннамо баъасту ла-атмим солиҳу-л-ахлоқ”, яъне, “... ба таҳқиқ, ки маро барои такмил додани ахлоқи нек, яъне солеҳ, фиристодаанд”.

Ва дар ҷои дигар, хотама-н-набиййин, Муҳаммади амин (с.а.в.) чунин фармудааст: “... инно ман хиёрукум аҳсанукум ахлоқан”, яъне, “... ҳаройина, беҳтарин аз шумоён касонанд, ки соҳиби ахлоқи нектаринанд (беҳтарин)”.

Ва чунин ҳам ҳаст, ки чун Паёмбари арҷманди мо, чи тавре ки дар Ояти карима нақл шудааст: “... ва иннака ла-ъало хулуқин ъазим”, яъне Худованд мегӯяд, ки ай Муҳаммад (с.а.в.), “... ба таҳқиқ, ки ту бар хулқи бузург ҳастӣ”, ки мазмуни “... ту хулқу атвори беҳтаринро соҳиб ҳастиву дорӣ” будааст.

Таваҷҷуҳ кардӣ, дӯстам, ки Худованд худ холиқ аст ва “хулуқ” (хулқу рафтори нек), чун аз ин калима бармеояд, яъне, “беҳтарин, нектарин кирдор” - кирдори ӯст ва Паёмбарро низ аз чунин сифот неъмат додааст.

Пас, чун инсонро дар рӯи замин ҳамчу “халифа”, яъне, “ҷойнишин” эълом кардааст, мебояд, ки инсон дар худ чунин хулқро дошта бошаду озмояду такмил диҳад, яъне, солеҳ гардад.

Солеҳ бошад, чун аз калимаи “сулҳ” сохта шудааст, яъне, ислоҳкор аст, яъне, камбудии худро дар худ ислоҳ мекунаду аз пешинааш беҳтару накӯтар мегардад ва ҳамеша ҷаҳд мекунад, ки дигарон низ накӯкор гарданд.

Ва ин аст тобиши маънии дигар аз Ояти карима, ки Худованди азиз чунин фармудааст: “... а-с-сулҳу хайрун”, яъне “... сулҳ нек аст”, ки баъзе аз уламо онро нисбат ба сулҳу хомӯш намудани оташи ҷанг медонанд ва бархе, онро изофа намуда, аз ислоҳкорӣ низ мешумуранд.

Албатта, гуфтании зиёде дорам, чун аз калима калимаҳову аз маънӣ маъниҳо боз оянд, вале мухтасаран ин аст ва изофиро, насибамон бошад, Худо хоҳад, бори дигар талқин мекунем.

……….

  1. Оид ба масоили доштани муносибати хуб бо атрофиён тавассути эрод нагирифтан ба санъати эшон ва эътирози нохушӣ аз онҳо.

Ай фулонӣ, неъмат аз неъмат ҷудост,
Фарқ байни ину он арзу самост.
Ӯ якеро мол диҳад, лек ақл не,

пешина
аз 175
навбатӣ