ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Кист мунофиқ? Ай бародар, он, ки ӯ
Бо дилу дасту забон-ш гардад аду.
Гарчи ду по дорад ӯ, лек сад фиреб
Якдигарро мекунанд андар нишеб.
Чашми чап бо чашми рост, бин, рӯйрост
Душманиҳо мекунад дар роҳи рост.
Бинӣ, хуб шуд ҳамчу кӯҳ байни ъуюн,
Посбонӣ мекунад бо савти ғунн.
Варна як чашм мешигофт ҳамҷинси худ,
Ғарқ мекард ӯ варо дар оби худ.
Ё сухан гӯяд, вале аз дил фурӯғ,
Беш наояд аз ҳазор ҷуз як дурӯғ.
Вақти ваъда медиҳад бар он хилоф
Мекунад ӯ чун бувад ҷуз беш зи лоф.
Бар амонат даст занад ин марди бад,
Гарчи бошад на зи ӯ, на з-он адад.
Қисса кӯтаҳ, се аломат, бас умум,
Дар мунофиқ бошад андар ҳоли гум.
Ростӣ бошад гум дар он саҳрои тин,
Бевафоӣ гашта гум дар он матин.
Аз зарар беш з-он киё ояд чӣ кор?
Пас, зи он саҳро барӣ берун чӣ бор?
Бо чунинон дӯстӣ бор н-орад, гузар,
З-инчунин дӯстӣ бибояд кард ҳазар!
...
Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
лайса салотун асқала ъало ал-мунофиқина мин ал-фаҷри ва ал-ъишои”, яъне, дӯстам, “... ҳеҷ намозе барои мунофиқин, душвортар аз намозҳои субҳу хуфтан нест ”.
Бале, дӯстам, душвортар аз ин ду салот, яъне намозҳои бомдоду хуфтан барои мунофиқин дигар салоте ва кори душвортаре нест.
Пас, кист мунофиқу барои чӣ ин ду намоз барояш мушкил аст?
Аввал ин ки мунофиқ, аз рӯи гуфтаи Паёмбари акрам (с.а.в.) касест, ки дар сирати худ се нишонаи умумӣ дорад: 1) вақте ки сухан мегӯяд, дурӯғ мегӯяд, 2) вақте ки ваъда медиҳад, ба ваъдааш хилоф мекунад ва 3) ба амонати шахси дигар хиёнат мекунад.
Яъне, чун мушоҳидаву аҳамият додӣ, дар ҳама ин се аҳвол, “... изо”, яъне “вақте ки...”-ро мехонӣ, ки сухан, аслан, на дар накардани ин амалҳо аз ҷониби онҳо, баръакс, дар кардани он, вале хилофи гуфтаҳо, амал кардани онҳоро дар назар дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё