ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Паҳлавон кист? Ай, бигӯ, ҷони падар:
“Он ки боздошт хашми худ он сӯи дар!
Он, ки дарро бар вайе магшод ба дил,
Он, ки касро баркашид аз даст зи гил.
Он, ки ҷаҳд кард то ба кор н-ояд ду мушт,
Он, ки теғро аз задан боздошт ба пушт.
Он, ки дошт худро зи зуру зӯри даст,
Он, ки нафромад зи болоҳо ба паст.
Он, ки бурд дар вақти хашм хашмро фуру,
Он, ки нагзошт то шавад бо худ аду.
Он, ки донист ҷои худ дар ину он,
Он, ки омад бар мадор бо дигарон.
Он, ки сабр кард гар заданд ба рӯву тан,
Он, ки худ дошт то наёяд тан ба тан.
Қисса кӯтаҳ, паҳлавон он кас бувад,
Ки зи оташ шуд бурун носӯхта бад.
Бурд фуру хашме чу омад бар забон,
Кард ба пушт ду мушти ҷангро дастакон.
...
Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
лайса аш-шадиду би-с-сурроъати иннама аш-шадиду аллазӣ йамлику нафсаҳу ъинда ал-ғазаби”, яъне, дӯстам, “... қаҳрамон касе нест ки ҳангоми мубориза пушти ҳамаро ба хок бизанад, балки қаҳрамон касест, ки ҳангоми қаҳр, худашро ворасӣ мекунад ”.
Бале, қаҳрамон ва ё паҳлавон касест, ки вақти ғазаб худро идора карда, ворасӣ, яъне, худдорӣ намуда, ғазабашро фуру мебарад, варна ӯ қаҳрамон нест.
Хеле кам ашхосе мавҷуданд, ки вақти ғазбон, ба ҷои худро ба даст гирифтану идора намудан наметавонанд ин маҳорати волои паҳлавониро изҳор кунанд.
Ҷои он, эшон омодаанд, ки ба эҳсосот дода шаванд ва даст ба гиребон зананд, ки ин аз хислати қаҳрамонон нест ва аз кори паст маҳсуб мегардад.
Оре, мефаҳмему медонем, ки ин душвор аст, вале чун дар ҳадис омада, ки он ҳам асоси қуръонӣ дорад, маҳз дар худдорӣ намудан дар чунин ҳолот, маҳз ана дар ҳамин душвориҳо, инсон санҷида мешавад, ки сабру қаноату феълу қавлаш аз чист? Ва хуш бар ҳоли онон, ки дар ҳамаи ин санҷишу тартиби он худро ба даст мегиранд, ғазабро фуру мебаранд. Ин аст қаҳрамону қаҳрамонӣ!
Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад.
……….
- Оид ба масоили риёкории мунофиқ ва душвор будани баъзе аз намозҳо барояш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё