Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Одаму Ҳавворо донанд, бин, яқин
Волидайни кулли мардум, ай мубин.
Нӯҳу Исҳоқ Ёъқубу Исмоиланд,
Зиставу охир ба сӯяш моиланд.
Гар калисо мераванд ё масҷиде,
Хам кунанд сар дар ҷавоб бар “Исҷуд!”-е
Бемуҳобо, бо Худо доранд ҳивор,
Аҳли масҷид, ё калисо, ё дувор.
Бар яке ҷиъа бувад Каъба, дигар
Мекунад девори Ақсо ҳалқасар.
Дигаре дар ҳайбати маъбуди худ,
Мекунад тасвир ҳусни Зул-вуҷуд.
Дар симои пилу маймун дигарон,
Дидаанд хулқи Худо дар ин ҷаҳон.
Қисса кӯтаҳ, ину онон муъминанд,
Ҷинси инсон, з-Одаму дар як динанд.
Шудаанд савво зи хоку обу руҳ,
Гаштанд миллат, бибин, аз як гурӯҳ.
...

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
ло йуъмину аҳадукум ҳатто йуҳибба ли-ахийҳӣ мо йуҳибба ли-нафсиҳӣ”, яъне, дӯстам, “... ҳеҷ яке аз шумо наметавонад муъмин бошад, то замоне ки ҳар он чи барои худ меписандад, барои бародари худ низ биписандад”.

Бале, чун фармудаанд “Бародарӣ – баробарист!” ва беҳтару соддатар аз ин гуфтаҳо нест, чунки, чун дар Қуръонӣ карим фармуда: “... куллу муъминун, ихватун...”, яъне, тамоми муъминон бо якдигар бародаранд, пас, дар ҳама кору ҳол, муъминон дар симои якдигар бояд он ки бародару хоҳари худро бибинанд ва он шахсе, ки чизеро барои худ намеписандад, вай ҳатман онро барои бародари худ намеписандад ва акси ҳол.

Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад.

……….

  1. Оид ба масоили дуздӣ намудани ашёъ, хоҳ хурду ночиз бошаду хоҳ бузургу қимат.

Хонаи устод меҳмон гашт мурид,
Чун зиёрат қасд намуд дар рӯзи ид.
Дохили корӣ утоқ шуд баъди чанд,
Дид китобҳои надиру пур зи панд.
Шуда буданд хамб рафҳои китоб,
Зери чангу наву кӯҳна, бе ниқоб.

пешина
аз 131
навбатӣ