ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ёди саҳҳат мекунад дардманд басе,
Мекунад он дам ихлос бар хасе...
Ман, ки боре худ асо гум кардаам,
Сад диросу панду андарз кардаам.
Чун кашидам бас машаққат бе асо,
Ман кунам дубора гум ӯро чаро?!
Чун зи сӯрох мор газид, дубора боз,
Кай кунад ангушт ба сӯяш боз дароз?
Аҳмақист андохтани по сӯи об,
Гар надонӣ қаъру чист дар зери об.
Гар дарунаш ғарқ шудӣ ту анқариб,
Бори дуввум чӣ дароӣ, ай ҳабиб?!
...
Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
ло йулдағу ал-муъмину мин ҷуҳрин воҳидин марратайн”, яъне, дӯстам, “...
муъмин аз як сӯрох ду бор газида намешавад”.
Бале, дӯстам, мегӯянд ки муъмин аз калимаи “имон”, яъне, “боварӣ” гирифта шудааст, ки ҳамон ҳам бошад, муъмин касест, ки ба Худованд боварӣ пайдо кардааст. Ва он боварӣ бояд ки мукаммалу “дубора такроршаванда” ва ё заъиф набошад, ки дар ин ҳолат уламои дин, ин тоифа мардумро “сустирода, сустимон, номукаммал, беқарор” ва ҳоказо хондаанд.
Яъне, ҷамъан агар донӣ, муъмин бояд касе бошад, ки агар боре ба Худованд имон (яъне, боварӣ) оварда бошад, он қавиву нотакрор, мукаммалу устувор бошад ва шакке дар он пайдову хаёле дар он фаро магирад.
Дигар он аст, ки агар имонат қавӣ, яъне, сахту устувор бошад, пас, нисбати корҳои хатову нодуруст, чунин бошӣ, ки як бор кардаву тавба намудаву бори дигар онро такрор накунӣ. Вагарна, чӣ фойидаест аз “имонат”, ки туро ҳар дам, сӯйи хатову ҳалокат бибарад?
Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад.
……….
- Оид ба масоили ахлоқи муъминон.
Ҳаст бародар муъмине муъминро,
Чун муқаддас мешмаранд як динро.
Дини Ибром аст сароғози инон,
Гарчи тарсо ё яҳуд ё таслимон.
Чун имон овардаанд бар як Худо,
Муъминанд, пас, ину онон, ай фато.
Гарчи иҷро мекунанд аркони ғайр, Назди он як мекунанд, охир, сайр.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё