ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Пас, айби кист дар “бад” шудани нафси мо? Нафс ва ё хоҳишоти мо?
Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад.
……….
- Оид ба масоили такрор намудани ҳамон як кори ғалат, дубораву себора ва оқибати чунин “таҷриба”.
Кӯри модарзод мерафт андарак,
Бо асо ҳамчу бино зери фалак.
Дузди кӯча мегузашт аз ҷанби роҳ,
Гӯиё дуздӣ бикард дар зери моҳ.
Кори вай омад накард он рӯзу бад
Чорае дар каф - гирифт он рӯз накард.
Дид, ки кӯр хосса муҳаббат бар асош
Ҳамчу ошиқ дошта буд андар талош.
Фикр кард дузд, к-ин басо қиммат, ки ҳаст,
З-ин сабаб кӯр дил бар онаш баста аст?
Дар хаёли пулкунӣ дузди лаъин,
Чашм бар асо, дил бар он оварда, ҳийн.
Зуд биёмад назди кӯру даст бар он
Карду хост, к-аз вай барад асои ҷон.
Кӯр бифаҳмид бӯйи ҷаҳди нобакор,
Сахт гирифт асо бо ду даст, дар қарор.
Чанд гар дузде макард беҳуда зӯр,
Натвонист барканад асо зи кӯр.
Оқибат бардошту дасте, дузд гуфт,
Оҳ, чӣ рӯз аст, гар нашуд ин ҳам ба муфт?
На зи кӯча, на зи бозор, на зи кас
Мар нашуд ризқам зи чизу хору хас.
Лек, маро ҳайрон чу кардӣ, ай “бино”
Ин қадар дил бастаӣ бар ин асо?
Ним хандон, ним гирён, кӯр гуфт:
“Мар нашояд гум кунад кӯр ёри ҷуфт!”
Чун кунад гум кӯр асои раҳнишон,
Кай биёбад роҳи росту пурамон?
Кай равад эмин ба сӯи манзилаш?
Гар кунад гум ӯ асо андар раҳаш.
Ташналаб донад ба хубӣ қадри об,
Дар биёбон сӯхтадил бинад сароб.
Пир донад қадри умри рафтаро,
Чун каме монад, ҳисобад ҳафтаро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё