ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Дарсиву нисфаш бадеъу камёфт,
Он чи дар дӯкон касе ҳеҷ гоҳ маёфт.
Ҳар китоб буд нодиру арзишгарон,
Зархаридон дар паяш бифрӯхта ҷон.
Ними мулк доро шаҳе тайёр будӣ,
Сарф кунад, то зар харад он бар худӣ.
То ки онҳо дар рафи меҳмонсаро,
Саф шаванд дар чашми меҳмонҳо варо.
То кунанд ҳавас, ки шоҳи ин дувал,
Доштааст ин канзи дунё то Зуҳал.
Қисса кӯтаҳ, чашми шогирд, з-он чи дид,
Сӯ ба сӯе ҳамчу мурғак медавид.
Сураташ аз гавҳарак гӯё зи давр,
Буд баланду косааш бинмуда ғавр.
Сирф Худо донад, ки ин дам бар сараш,
Фикри чӣ омад, яқинан аз дилаш?
Лек, макард ақлаш манъ бар кори ӯ,
Як китоб дуздид аз он ҷо ин адӯ.
Зери ҷома ӯ бияндохт ону хост,
Ки равад зудтар зи хона, ақлкост.
Лек, чу монд пое зи дар ӯ бе маҳал,
Он китоб лағжида афтод аз бағал.
Оҳ, агар мешуд замин сӯроху ӯ,
Медаромад шармзада аз кори хӯ.
Лек замин сахту баланд осмону кас,
Дар бимонад байни онон з-ину пас.
На шигоф гардад осмон, на замин,
На касе нодида монад, на амин.
Монад аъмол, ҳоли мо монад, бидон,
На ки мулку монда давлат ҷовидон.
Номи нек монад зи мо, на номи бад,
Чунки бад аз хотире зуд меравад.
Қисса кӯтаҳ, ин бидид Устозу рӯ,
Турш макард бар кори шогирд хубхӯ.
Балки бар лаб хандаву бо тарзи фанд,
Пурсид аз вай з-ин сабаб аз кори панд.
Он мурид, пас, гуфт, ки ман бишнидаам,
Ки китобдуздӣ савоб аст, дам ба дам!
“На!” – гуфт Устозу рад кард ин назар,
“Дуздӣ дуздӣ аст,” – гуфт ӯ, “... ай писар!”
Гарчи ресмон асту ночиз ё ки нон,
Дуздияш дуздӣ бувад, ай меҳрбон!
Гарчи кӯчак аст, бузург ё, бин, авон,
Дуздияш дуздӣ бувад, ай меҳрбон!
Гарчи асвад ё сапед аст ранги он,
Дуздияш дуздӣ бувад, ай меҳрбон!
Гарчи ҷинсаш ину он ё ғийр бувад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё