Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Гар “нафас” аз “нафс” бувад як ҳарф кам,
Он яке “ғам” медиҳад в-он пас “дам”.
“Шер”-у “шир” гар як буванд дар ҳарфбанд,
Он яке ваҳшисту в-он хуштабъ қанд.
Аввалин дарронад пӯсту устухон,
В-он дигар бахшад ба тан дубора ҷон.
Пас, писар, дар маънӣ кӯшу дон, вай
Медамад бар қолабат ҷон ҳамчу най.
Руҳ андар мо биҷунбонд тан зи ҷой,
Кард иҷбор то бигуфт Одам “Худой...”
...

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
ло йақуланна аҳадукум хабусат нафсӣ”, яъне, дӯстам, “... ҳеҷ кас нагӯяд:
нафсам хабису бад шудааст”.

Аҷаб сухани ҳушёркунандаву таъкидомезу пандиҳандаву муайянкунандаи баъзе аз нукоте, ки барои аксарият номаълуму ғайри мафҳум аст ва гузашта аз ҳадди ақли фарогир аст.

Мо ҳамеша кори бадеро ба анҷом мерасонему Шайтонро муттаҳам мехонем ва ё дар чизеву коре зиёдаравӣ менамоему онро аз “нафси аммора” маҳсуб медонем, ҳол он ки нафс, худ, маҳсули хоҳиши мосту “мутаваллиди” мост.

Яъне, ин худи мо, ки нафсро меофарему онро таҳкиму тақвият дода, тарбия намуда, фарбеҳ мекунем ва онро, дертар, чун аз идораи он дигар баромада наметавонем, бар сари худ “аммора”, яъне, амрдиҳанда, фармондеҳ мекунем, ки пас он моро расвову оқибати корамонро вой мекунад.

Пас, мисли тифли навзод, ки фитрати хосса дораду олудаи гуноҳон нест то ҳол,
нафс низ аз мосту вақти “таваллудаш” пок аст ва онро бад ва ё хабис гуфтан,
яъне олудаи риҷс, ҳуқуқ надорем.

Мо бояд як чизро дарк намоем, дӯстам, ки маҳз нафс муҳаррик аст, ки бе он инсон наметавонад рушду нумуъ намояд, мисол, агар нафс намебуд, пас, мо кунҷе нишаста, гурусна мемондему ҳаракат барои дарёфти бурдаи нону ризқ намекардем ва ҳоказо.

Пас, нафс чизи бад нест ва бояд онро дуруст тарбият намуд, то ки ҳадду канорро риоя намояд, зиёдаравӣ нанамояд ва ҳоказо, вагарна, “нафс, ки бад шуд...”, пас, вай сархӯр мегардад.

……….

  1. Оид ба масоили одоби нишаст.
пешина
аз 131
навбатӣ