Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан
  1. Оид ба масоили бе шарту шурут пурсидани бахшиш аз Худованди карим.

Бо Худо дар кори худ шарте маҷӯй,
Бо худӣ бозӣ макун, ай банди хӯй.
Он, ки бо худ мекунад бозӣ, адуст
Ҷони худро, ин шунав, аз ҷанби дӯст.
Шарти бахшиш тақвият дар хости туст,
Бо Худо ин гуфтугӯ дархости туст.
Дар ирода чун қавӣ нестӣ, бидон,
Истиҷоб ояд куҷо аз ину он?!
Хостаат бояд шавад ҷорӣ зи дил,
Ҳамчу санг бояд бибошад, на ки гил.
Андар он санг гар нависанд хостаро,
Кай зи рӯйи санг бишорад ҷумларо?
Лек чу андар гил харошанд ҳарфи зайл,
Дар таҳи борон кунад бар хок майл.
Собит андар хости худ бош, ай фато,
Шарт набвад зебише, дон, бандаро.
...

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
ло йақуланна аҳадукум аллоҳума-ғфир лӣ ин шиъта”, яъне, дӯстам, “... ҳеҷ кас нагӯяд: Худоё! Агар хостӣ, маро бубахш”. Яъне, ҳеҷ кас, дӯстам, набояд гӯяд, ки: “Худоё! Агар хоҳӣ, маро бубахш!”

Чӣ қадар мазмун, чӣ қадар таъкиди бомаврид, чӣ қадар эътиқоду эътимод!

Яъне, дар ин маврид, инсон бояд қатъиян изҳори хоҳиш намояд ва дар ин кор шартгузорӣ макунад, ки шарти аввалу охир ҳама дар дасти Худосту аз Худосту бар Худост.

Бахшиш пурсидан, - аз анвоъи фарз аст, ки дар ин кор инсон набояд шарте дошта бошад, балки бо як эътимоди комил аз Худои меҳрбонаш бахшиши гуноҳонашро дархост кунад.

Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад.

……….

  1. Оид ба масоили пок будани фитрати аслии нафс.

Он, ки фарқе байни “нору” “нур” надид,
Шуд раҷиму з-осмонҳо нопадид.
Ӯ кунун бо мову дар хун шуд ҷой,
Он, ки тазрираш кунад аҳвол вой.
Ин бувад аҳволи ҳар як бевуҷуҳ, Дар замин шаш дидаву дар об, нӯҳ.

пешина
аз 131
навбатӣ