Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад.

……….

  1. Оид ба масоили қазоват кардан дар ҳолати ғазаб.

Шаб чу рӯз шуд ханда гардад кори он,
Чунки бошанд камбудиҳо андар он.
Ҷои “таъмал” “йаъмалу” хонад, дигар
Маънӣ ояд з-инчунин хондан, нигар.
Пойи пилро мас намуда, марди кӯр
“Рукни хона бас бузург!” - гӯяд чу ғӯр.
Инчунин дон ту ғазабро, чунки ӯ
Чашми ақлро кӯр кунад, ай маъниҷӯ.
Нест баробар кӯру бино, бе шитоб
Гашта боз хон Оятеро з-он Китоб.
...

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
ло йқзийанна ҳакамун байна-снайни ва ҳува ғазбану”, яъне, дӯстам, “... ҳеҷ доваре набояд дар ҳолати хашм миёни ду нафар қазоват кунад”.

Бале, дӯстам, дар қатори табиъати ноҷоизи инсонӣ, ба мисли бухлу адовату хусумату дурӯғгӯиву ҳоказо хашм низ ҷойи муайяни худро дорад, ки зеби инсон нест.

Инсон бояд меҳрбону бораҳму шафқату босабру боқаноат бошаду дар корҳо ба
шитоб, чун ин низ яке аз хислатҳои “аҷиби” инсонист, ки Худовандро дар он
савганд биёвард (“... инна саъйукум ла-шатто”), роҳ надиҳад, ки “кори (дар
шитоб шудаи) шаб, ҳатман хандаи рӯз хоҳад гашт”

Дар ғазаб инсон метавонад ба хато, яъне, гуноҳ роҳ диҳад, чун дар ин лаҳзаҳои пурҳассос, инсон қувва ва маҳорати идора намудани худро, маҳорати дуруст дарк намудани ҳолатро, санъати волои хулосаи дуруст баровардан ва ҳоказоро гум мекунад ва ҳатман бо кори ҷавобии худ, мисол бо доварӣ кардан байни одамон ва ҳукми дуруст баровардан, ҳолатро боз ҳам ногувортар мегардонад ва оқибат, бой медиҳад.

Пас, инсонро воҷиб аст, ки аз чунин кор даст кашаду дур биистад.

Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад.

……….

пешина
аз 131
навбатӣ