Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чорум он, ки ҳаёт бо пастиву баландиҳояш зебост ва сарфи назар аз ину он, ҳаёт аз беҳтарин неъмат ва имконияти такмил маҳсуб мегардад ва даст кашидан аз он, ин парҳез намудан аз ин неъмат аст, ки Худованд на ба ҳама ҷонҳо муносиб гардонидааст.

Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад.

……….

  1. Оид ба масоили қаҳр кардан.

Чун мақоми “ҷойнишин” дод Ӯ варо,
Пас, бихост чун бошад Ӯ андар саро.
Меҳрубону пур зи адлу ақлу фаҳм,
Бахшад инсон якдигарро, бин, зи раҳм.
Некӯрафтору сухан, пиндоштанаш
Бояд он ки бошад неку аз дилаш.
Ҳарчи нек аст оқибат аҷраш хуб аст,
Ҷуз мақомаш назди Эзид маҳбуб аст.
В-онки бадро пеша кард, ҷон бохт ӯ,
Рӯзи Маҳшар сӯйи Дӯзах тохт ӯ.
...

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
ло йаҳиллу ли-муслимин ан йаҳҷура ахоҳу фавқа салосин”, яъне, дӯстам, “...
барои ҳеҷ мусалмоне ҷоиз нест, бештар аз се рӯз бо бародари мусалмонаш, қаҳр бошад”.

Бале, ин ҳам, яъне, “қаҳрии серӯза” низ зиёд аст, чунки, қаҳр зеби ҳеҷ як мусалмон нест.

Замоне, ки касе чизе гуфт ва ё кард, ки он метавонад боиси қаҳри шунаванда гардад, хеле эҳсоснок асту инсон метавонад дар шитоб таассуб намояд ва ба хатое роҳ диҳад, яъне, дар ҷавоби рафтори ногувор ва ё суханони ҷоҳилона, кореро ба анҷом расонад, ки худ, нофаҳмида, гунаҳкор шавад.

Дар ин лаҳзаҳо, мебояд ки инсон каме таваққуф кунад, фикр кунад, сарчашмаву сабабҳои онро таҳлил кунад ва кореро пешбарӣ намояд, ки он ҳам бо меҳру раҳм ва оқибати он, ислоҳ бошад, чунки Худованд шахси солеҳро, яъне неку салоҳкорро ва сулҳкорро дӯст медорад. Ва аз ҳамаи ин беҳтар, дар ин кор инсон метавонад маҳорати бахшидании касеро, ки аслан сифати худовандист, таҷриба намояд.

пешина
аз 131
навбатӣ