ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Оқибат на ину он гирад ба даст, Ҷаҳд талаф ёфту бибин, орзуш шикаст.
Гар ҳамеёбад карам ӯ аз само, “... акраман!” – гӯяд маро кард он Худо.
В-ин агар гардад фақир, бин, он фато “Таҳқирам карду...” – бигӯяд “... бенаво!” Чун ҳаёт инъом шавад бо дарду ғам, “Ин чӣ кор аст?!” – гӯяд ӯ дар адли там.
Вақти зинда буданаш маргро умед, Мекунад аз бори Ҳақ чун ноумед.
Инчунин ӯ мегурезад аз қазо, Оқибат, лек, афтад ӯ дар дасти “Мо...” Ҳарки аз борон гурезад рӯ ба рӯ Мешавад бо барфи сард он чораҷӯ.
В-он ки одат мекунад бо оби сард Ӯ наметарсад зи барфу ях чу мард.
...
Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
ло йатаманнайанна аҳадукум-ул-мавта мин зуррин асобаҳу”, яъне, дӯстам, “... ҳеҷ яке аз шумо ба хотири мусибате, ки ба он гирифтор мешавад, орзуи марг накунанд”.
Бале, борҳо шоҳиди он мешавем, ки баъзе афрод дар тангдастиву пой дар гил буданашон ва ё дар аҳволи мухталифаи нангомез, “... о, мурам намешуд-ми?!” ё “... аз ин зистан, мурданам беҳ!” ва ё ҳоказову ҳоказо, албатта, таассубона ва ё дар ҳолоти эҳсоснок ва сарду сангин суханҳо мегуфтанд, ки аслан ноҷоиз аст ва зеби банда нест, ҳол он ки, бибин, дӯстам, ки надимони рӯзи Қиёмат, ашхоси фоҷир (гунаҳкорон), “... ва бурризати-л-Ҷаҳиму ли-ман йара”, яъне вақти наздиктар овардани Ҷаҳаннам ва нишон додани аҳволи дӯзахиён ба бинанда, онҳо “... ёлайтанӣ қаддамту ли-ҳаётӣ?!”, яъне, “... ай кош, ки ба ҳаёти пешинаам бармегаштам?!” – гӯён нолаву фиғон мекунанд.
Аҷаб нест магар, вақте ки мо рафтани худро аз ин дунё талаб мекунему фоҷирон баргаштани худро ба ҳаёт?
Дуввум он ки Худованди қаҳҳор “... ла-би-л-мирсод” аст, яъне, сахтгир, вале танҳо барои хотири такмили руҳонии инсон ин ҳама мусибатҳоро бароямон мефиристад ва қасде дар нобуд кардани инсон надорад, чунки нест модари офаранда, ки сарфи назар аз бадкирдор будани фарзандаш, ба вай маргро талабида бошад ва ё ҳаст? Албатта, нест.
Саввум он, ки марг аз тангӣ талабидани мо, ин боло бардоштани дастон аст, ки
мухолифи ақидаи худовандӣ, ки амр бар зистану мубориза бурдан барои ҳаёти худ намудааст, аст ва касе, ки даст боло кард, ӯ аз фармони Худованд дур шуд ва ҳатман бой хоҳад дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё