ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

...
Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
ло тункаҳу-л-бикру ҳатто тустаъзана ва ло а-с-саййибу ҳатто тустаъмара”, яъне, дӯстам, “... духтари бокира бидуни иҷозааш ва зани бева бидуни машварат бо ӯ, никоҳ дода намешавад”.
Чӣ қадар саҳеҳу кушод аст, ин суханони Паёмбари дини мубини Ислом, ки дар асл, таъсису таъкид аст бар аркони шариъатӣ ва динии он, ки марду зан дар Ислом ҳуқуқҳои баробар доранд ва ҳатто, баъд аз модар шудани занон, мартабаи онҳо нисбат ба падар, се маротиба меафзояд!
Вале, мутаассифона, тоифаи замона, аҳён-аҳён ва дар баъзе маворид, зуд-зуду қасдан дар саҳеҳияти ин масъала ботилпардозӣ мекунанду бо он ҳама, мақоми дини мубини Исломро дар чашми ҷоҳилон паст мекунанд, вале хуб шуд, ки худи Худованд дар ҳифзу ҳимояи ҳуруфи қуръонӣ ва дар ҳамеша баланд доштани мартабаи ин дин истодааст ва намемонад, ки касе дар он беш ҳарфе насх карда бошаду рукне дар он иваз карда тавонад.
Паст омадани мақоми мо аз надонистани ҳуқуқ аст, вале дар аксари оилаҳо, ба ғайр аз шурути исломӣ, мардум урфу одот, айбу уёлот, оқибандешии ҷавонон ва ё сардиву сахтии ҳаётро ва ё эҳтироми падару модар ва ҳатто “... мардум чӣ фикр мекунад?”-ро, ки набояд дар асл, халт бар интихоби дуруст ва поймол шудани ҳаққу ҳуқуқ гардад, ба инобат мегиранд.
Бинед, то чӣ андоза осон аст, ки агар духтари бокира, яъне, дӯшиза/шавҳарнокарда иҷозат надиҳад, пас, бидуни иҷозати ӯ, ҳеҷ кас наметавонад ӯро никоҳ дода бошаду ба шавҳар расонида.
Бо бевазан бошад, ҷоиз аст, ки аввал бо вай машварат кунанду бипурсанд, ки оё вай дубора шавҳар гирифтанро мехоҳад ё на? Танҳо баъд аз машварат ва ризоияти тарафайн, бевазан метавонад шавҳар кунад ва ин ҳаққи бевазан аст, на ҳаққи марде, ки мехоҳад ӯро ба занӣ гирифта бошад.
Нисбати мард низ ҳамин қонун риоя мешавад ва он асоси қуръонӣ дорад, ки
Худованд хоста бошад, бори дигар матраҳ мекунем.
Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад.
……….
- Оид ба масоили сабр дар тангдастӣ намудану мубориза барои ҳаёти худ.
Ай аҷаб хислат чу дорад марди нек,
“Мутлақо!” - гӯяд чизеро баъд“... валек, ...” Дудила дар ҳама корҳо мешавад, Аз паси ду сайд чу сайёд медавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё