Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Оё Худованд ин неъматро барои истифода бурдани мо наёфаридааст, ки бо об надодани он, мо худамон ба кам шудани ризқи худ зомин мешавем ва аз кам шудани он боз ба Худованд шикоят мекунему “...
раббӣ, аҳанан!” (Ояти қуръонӣ), яъне, “... худоям маро масхараву ҳақорат кард”-гӯён нолаву фиғон мебардорем?

Ҳамин аст, дӯстам, кӯтаҳакак оид ба масоил ва мазмуни он ҳадиси набавиву он Оёти қуръонӣ, ки дар ин ҷо ҷаҳд карда, дар чаҳорчӯбаи ақлу дониши ноқисамон онро шарҳ додем.

Боқӣ, Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад ва ин хулоса муҳим аст, ки мо набояд садди роҳи кори неку савоб бошем ва мо набояд ба ризқи худ ва ба ризқу ҳаққи дигарон зомин гардем ва гап на дар сари он аст, ки бо ин кор мо пеши роҳи ризқи Худовандро дар ду дунё, ба ҳар ҳол, гирифта наметавонем... Ин ғайри имкон аст, чунки ризқ азалист!

На, на! Ризқ, чун боло қайд кардем, – азалист ва ҳатман моро меёбад, чунки ин вазифаи Худованди раззоқ аст ва бе мо ҳам Ӯ ин корро анҷом медиҳад ва танҳо ҳамин аст, ки оё беҳтар намешуд, ки мо дар ин кори хайри Худованд иштирок намуда, саҳмгузор бошему шарики он савоб гардем?

……….

  1. Оид ба масоили иҷозаҳои никоҳ додан.

Ҳақ ҳама андар Китобу ташналаб,
Мегардем гирди баҳр мо рӯзу шаб.
На ки гардан сӯйи об кунем дароз,
На ки бол дар об кунем мо ҳамчу ғоз.
На ки чашм дорем чу бинад об ҳама,
На ки ақл дорем чу донад он ҳама.
Ҷоҳилӣ чун парда гирад пеши чашм,
Карда чашмро аз айён фарқ ҳамчу пашм.
Таъризе аз поймоли ҳақ кунем,
Сарфе аз он гуфтаву сад шак кунем.
Дӯсти ҷаҳл берағбатист дар ҳаққи ҳол,
Танбалӣ ояд чу дӯст андар фиол.
Ҳар ки гардад дӯсти ҷаҳл танбал вай аст,
Норасида, мурдахом чун дар дай аст.
Илму ақлро мар насиби мо кунанд,
То ки некро аз бадӣ эҳдо кунанд.
Варна мисли маймуне, к-ӯ мисли мо,
Чашму гӯшу даст дорад в-ин ду по.
Фарқи мо аз маймуне бошад чӣ, пас?
Илму ақлу таҳлилу в-ин з-ону бас.

пешина
аз 131
навбатӣ