Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ин бувад ҳоли касон, ки қимате,
Ҳеҷ набинанд дар атои неъмате.
Фикр доранд, ин ҳама боқисту кам,
Ҳеҷ нагардад то Қиёмат банд ҷамъ.
Ин заиф мардум шуморанд бардурӯғ
Ояти “... шаккартуму” аз он Фурӯғ.
Гар начиданд мазмуне, пас, з-ин қадар
Кӯру кар дорӣ умед чӣ ин қадар?!
...

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
ло тамнаъу фазла-л-моъи ли-тамнаъу фазла-л-калоъи”, яъне, дӯстам, “...
оби изофиро ҷилавгирӣ накунед, то боиси ҷилавгирии об аз гиёҳон нашавед ”.

Бале, оби равонро қадре нест, - мегӯянд дар урфият ва дар ин гуфтор чанд панду ҳикматҳои ногуфта, нуҳуфта шудааст.

Аввал он, ки сухан оид ба масоили қадру қимати ашёъу аъмоле, ки бароямон Худованди наъим арзонӣ намудааст, меравад. Вақти доштани чизе мо дар аксари ҳолот онро қадр намекунем ва вақти аз даст рафтани он ҳатман шикоят аз набудани он мекунем, мисоли ҳаёте, ки Худованд онро бароямон мунъиму ато намудааст, ки алорағми чаҳорчӯбаи муайяни адабу одоб, мо он ҳадро риоя намекунему вақти рафтани фурсат, шояд дар вақти назъи ҳол ва ё ҳатто фавт, “... қаддамту ли-ҳаётӣ” (Ояти қуръонӣ), яъне, “... ай, кош (бори дигар имконият медодиву) ман ба ҳаёти худ бармегаштам”-гӯён оҳу ҳасрат мекунем, вале чӣ илоҷ, ки вақт рафтаву имконияту фурсат аз даст дода шуд.

Дигар он, ки фалсафаи қадр намудани об на танҳо дар истифода бурдани он аз ҷониби мо, балки дар баҳра бардоштани кулли мавҷудот дигар, мастур аст, ки мисоли он, агар барои мо он об лозим набошад, пас, он метавонад ба дигар мавҷудот лозиму шарти ҳаёти онҳо бошад ва агар мо онро манъ барои худ кунем, пас, набояд аз хотир фаромӯш кунем, ки ба ғайр аз мо, муҳити моро ҳазорҳо мавҷудоти дигар пур кардаанду ҳамаи онҳо ризқро аз Худованд талаб намудаанд ва шарти одоб ин нест, ки мо танҳо худбин бошему бо манъ намудани об барои худ, дигаронро аз он маҳрум созем.

Ва шабеҳи ҷилавгирӣ (пешгирӣ) намудани оби изофӣ ба мисли кори неке аст, ки чун дар Ояте омада “... ва ло йаҳуззу ъало таъоми-л-мискин”, яъне, таҳйиз намекунад (яъне, на худаш мекунад ва на касеро иҷозат медиҳад, ки кореро анҷом дода бошад), ки мискинро (бечораро) таъоме дода бошанд ва акнун он обро – таъому он мискинро ба ҷои гиёҳ гузореду тақозо кунед ва ё фарзандро – ба гиёҳу обро бо илму дониш баробар созеду қиёс кунед ва ҳоказо.

Оё он гиёҳе, ки бо амри Худованди қодир мерӯяд, “мискин” нест, ки дар як ҷо
мерӯяду “пову дастон” надорад, ки ба ҷустуҷӯи об худаш равад? Ин “мискин” дастнигари мо нест магар?

пешина
аз 131
навбатӣ