ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
ло таъуд фӣ садақатика”, яъне, дӯстам, “... садақаатро пас магир”.
Албатта, дӯстам, чунин нест, ки боре дида бошӣ ё шунида, ки касе садақаи худро, пас аз додан, гирифта бошад. Мардуми баору бонангу баномуси мо, ба ин кор даст намезананд.
Шояд бошанд чунинон, вале ин кор аҳёнан ба вуҷуд меояд ва расм то ҳол нашудааст, ки шарафро бо чунин як кори шармовар аз даст дода бошанд.
Пас, сухан оид ба кадом намуд “... пас гирифтан”-ҳо рафта истодааст, ки
Паёмбари акрам (с.а.в.) таъкид ба он мекунад?
Бале, ёфтӣ!
Некие (садақа), ки мекуниву пас аз он, миннату азият медиҳӣ садақагирифтаро ва чун ин ҳодисаи номатлуб аст, пас, мақта (нописанд) аст дар назди чашмони Худованди накӯпарвар ва накӯидӯст ин амал ва чун дар Қуръони карим фармуда: “... ло тубтилу садақотикуим би-л-манни ва-л-азо...”, яъне, ботил (расво) мекунад садақаи туро миннат кардан ва азият додани мардум, пас аз он ки онро кардаӣ ва Худованд даъват мекунад, ки ашхоси ба ӯ имоноварда, набояд ки номаи аъмоли худро бо чунин кор расво кунанд.
Ва ингуна корро, Худованд бо риёкорӣ (худнамоишӣ) ва нобоварӣ ба ӯву рӯзи Қиёмат баробар месозад, - “... ка-л-лазӣ рио ан-носи ва ло йуъмину би-л-лоҳи ва-л-йавма-л-охири” (Ояти қуръонӣ), ки оқибати аҳволи чунинон вой аст.
Ин аст, пас, аз анвоъи “пас гирифтан”-ҳо, ки оқибати нохуш дорад ва мо бояд ки аз чунин кор ҳамеша дур истем.
Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад.
……….
- Оид ба масоили об додани гиёҳон ва нек будани ин кор ва ташбеҳоти ин аъмоли арзанда.
Қадри об ночиз ҳисобад, ҳар ки ӯ
Об дорад ҷорӣ андар ҳавзу ҷӯ.
В-он замон, чун қатъ шавад маҷрои он,
Бин, зи беобӣ кунад бас ӯ фиғон.
Чунки медонад, шавад боғаш хушк,
На ки бӯйи ҳосиле ояд, на мушк.
Ин ҳама таъсир кунад бар ҳоли байт,
Мисли турк дод мезанад, ӯ гуфта: “Қайт!”
Чун шавад бозори фардояш касод, Бин, чӣ гӯяд шиквагӯ андар ҷиҳод?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё