Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Савбу эзор дар сафини китфу бар,
Ҳалқа мезад вақти исҷуд бар ба бар.
Тан лучу кун луч, вале дар зери моъ,
Н-аз наҳанг метарсиду н-аз ҳут, шуҷоъ.
Мисли он, к-аз меҳри дунё бехабар
Менамуду дил ҳимой кард з-он зарар.
Мисли он, ки тарки дунё карда буд
Ё ба мисли он, ки дил з-ӯ канда буд.
Ҳамчунин бошад, ай дӯст, расми кас,
Ки биёфт гумсӯзане дар байни хас.
Ки ҷудо кард ранги испед аз сиёҳ,
Ё савобро кард ҷудо аз ҳар гуноҳ.
Фарқ донист байни манъу изни кор,
Ё ки корро кард ҷудо аз нобакор.
Мард биёмад наздику дид асли ҳол,
Лек нафаҳмид мақсади он иштиғол.
Тика мекард нону парт мекард варо,
Ҳамчу санге рӯйи об ҳар суфларо.
Мард суол кард пирро, ай сарфакор,
Чун кунӣ он хӯрданиро нобакор?
Мар нашояд резаро афшонӣ ту,
Аз бари домони хеш ҳар чор сӯ...
Лек бихандид пири кору гуфт, на ҳақ
Ҳасту туро, ай марди бар мо карда шак.
Кори мо исроф наяст, дар он савоб
Маҳфуз асту амри Ҳақ дар истиҷоб.
Расми мо ин аст, ки гӯянд: Сӯйи об
Парт бикун некиву соф ҳар хираоб.
Ҳал шаванд нонрезаҳо дар қаъри наҳр,
Туъма гарданд ҷонваронро зери баҳр.
Чун шаванд фарбеҳу тоза моҳиён,
Мешаванд моъидае аз осмон.
Меҳри Исо з-осмон резонд ҳама
Моҳиву бас ҷонваронро яксара.
Гар намебуд раҳми Ҳақ дар ишқи ӯ,
Кай ҳамерехт з-осмон моҳӣ, бигӯ?!
Кай бишуд пур з-он ҳама дастури хон?
Кай бишуд пур ишкаму хушнуд ҷон...
Ин сухан итмом наёбад, ай рафиқ,
Ин бувад инъоми беҳад з-он Шафиқ.
Он, ки некӣ мекунад, лек музди кор
То ҳамин рӯз аз касе нагрифта зор.
Он ки бепул медиҳад аз ину он,
Дар иваз нопурсида аз ҷисму ҷон.
...

пешина
аз 131
навбатӣ