Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
ло такуну ъавна аш-шайтони ъало ахийкум”, яъне, дӯстам, “... шайтонро бар зидди бародаронатон ёрӣ накунед”.

Яъне, дӯстам, чун дар Қуръони карим омада: “... куллу муъминун ихватун; фааслиҳу байна ахавайкум” (“... тамоми (ба Худованд) имоновардагон, - бародаронанд (бародарону хоҳаронанд); пас, салоҳ кунед байнашон”.

Чӣ қадар Ояти зебову тавсияи беҳтарин барои бандагони имоновардаи Худованди мутаъол, ки тамомашон, мисли бародарону хоҳаронанд ва аз ин сабаб, муносибати байни ин ду аҷнос (ҷамъи “ҷинс”; марду зан ва доштани шаклу вазоифи мухталифаи ҷисмонӣ ва мароми иҷтимоӣ), алорағми ҷинсият ва муҳаррамот (марҳаму номарҳам будан, байнашон) бояд ки муносибати “акоукогӣ, бародару хоҳарӣ” доштанашон зарур аст ва бибин, дӯстам, ки дар ин аҳлияти бандаворӣ, қуввае, марбут ба ҷаҳди ягона барои ба ҷо овардани бандагӣ маҳфуз аст, бояд ки изҳору таҷриба гардад.

Дигар он аст, ки, мисол, мард ба зани номаҳрам, ҳамчу бо чашмони бародарӣ бояд ки нигарад ва зан, нисбати марди номаҳрам низ чунин корро ба анҷом расонад, ки дар ин оина, ҳама дар мадди чашмони Худованди карим яксону (баробар) банда маҳсуб хоҳад гардид.

Ва баргашта ва барчида аз он нукоти назар ва фаҳмиши ягонаи “... бани Одам”, яъне, ҳамаи мо фарзандони Одам (а.с.) ҳастем, пас, ин аст, ки Худованд фармуда:
“... ё бани Одама ... ло таъбуду аш-шайтона; иннаҳу лакум ъадуввун мубин” (Сураи “Ёсин”), пас, мо набояд шайтонро ибодат (дар ин ҷо мазмунҳои зиёда, ки якеаш, - ёрӣ расонидан ба шайтон будааст) макунед, чунки, ӯ (шайтон) ба шумо душмани ошкор аст, яъне, кушоду равшан душманӣ мекунад.

Ва инак, баргашта ба он насиҳати Паёмбари акрам (с.а.в.), ки фармуд: “...
шайтонро бар зидди бародаронатон ёрӣ накунед”, аз ин ҷост, ки касе агар бо шайтон “аҳду паймон” мекунад ва ба шайтон алайҳи, яъне бар зидди бародаронаш, яъне бародарону хоҳарони муъминаш кумак мекунад, пас, фармони Худованди одилро вайрон мекунад ва дар сафои номаи аъмолаш ранги сиёҳро нуқс меандозад.

Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад.

……….

  1. Оид ба масоили садақа додан.

Мардеро дидам, қадам зад бо шитоб,
Сӯйи пире, ки ҳаме буд андар об.
Мисли ҳинду дар миёни Ганг пой
То миёнаш ғӯта бурд он пири роъй.

пешина
аз 131
навбатӣ