ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
ман аҳабба ан йубсата лаҳу фӣ ризқиҳӣ ва йнсаъа лаҳу фӣ асариҳӣ фа-лйасил раҳимаҳу”, яъне, дӯстам, “... ҳар кас ки мехоҳад ризқаш зиёда гардад ва умраш тӯлонӣ гардад, бояд ки василаи раҳм дошта бошад”.
Хуб, дӯстам, чист “василаи раҳм”?
Дақиқан ва амиқан, ин вожа аз ду калима мураттаб аст (“васл” ва “раҳм”, ки васл - тарзу раҳм – ҷойгоҳи парварда дар шиками модар аст), ки аслан мазмуни “муҳкам доштани муомила байни ҳамхунон, яъне падару модару бародару хоҳар” аст.
Бале, таҳкиму тақвият додани равобит байни ақрабои қарибу баъид, аввалан, ва сониян, байни улфатону ёрони аҳли байтамон тули ҳаёти наздикону пайвандон ва пас аз фавти эшон, аз мисоли василаи раҳм аст. Мисол: рафту-о намудану қадр кардани бародару хоҳарон пас аз фавти волидайнамон.
Аз ин ҷост, дӯстам, ки касе агар ризқи зиёда ва умри тулонӣ барояш хоҳиш карда бошад, пас, яке аз роҳҳои осони вай, ин устувор доштани риштаи хешовандӣ байни табор аст, ки метавонад ба осонӣ, пас аз фавти пирони аҳли байт, ба зудӣ қатъ гардад.
Ва чун таъкид намудем, ин на танҳо пайвандонро, балки улфатонро низ дар бар мегирад.
Мисол, пас аз марги падар, аввалан, амак ҷои падарро мегирад, валекин дар набудани ӯ, дӯсти наздики падар низ, маҷозан ҳам бошад, ҷои падарро гирифтанист. Яъне, шахс бояд дӯсти наздики падарашро ҳамчу падари худ иззату икром намояд ва ин суннат аст!
Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад!
……….
- Оид ба масоили будани шарт дар кори оростани мулоқот байни
Худованду бандааш.
Меандохт зоғ даруни зарф санг,
Чун буд дар он обу гардан-ш бас танг.
Рӯйи обаш пораҳои нон буд,
Чашми нафси зоғ андар он буд.
Ақл мекард амр: “Бияндоз санг дар он,
То кунад об нонро берун аз он!
То ба гардан-ш нон шавад қадре қариб,
То шавад бар нӯли ту он нон насиб”.
Ҳамчунин мекарду нонро мекашид, Кам-каму лекин ба орзуш мерасид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё