ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Чун пирони тариқат шиъор карда буданд, ки “Дил ба ёру даст ба кор!” ва ё Паёмбари акрам, Муҳаммад (с.а.в.) фармуда, ки “... аз дасту забон”, пас, маҷозан, набояд ки ҷону тани инсон олуда аз гуноҳону риҷс бошанд, ки боиси нафрат хондани фариштаву мардум шаванд.
Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад!
……….
- Оид ба масоили таҳкиму тақвият додани василаи раҳм.
Рӯзе аз рӯзҳо, ба назди он муҳиб,
Омад як меҳмон... Меҳмони наҷиб.
Оъиша шуд вориду гуфт: Ай набӣ!
Як зане омад ба наздат... Гӯй, кӣ?
Гуфт: Кист ӯ? Номи ӯ? Ӯ аз куҷост?
Гуфт: Надонам... Як зане... Н-аз аҳли мост!
Шуд паёмбар хориҷу дид назди дар,
Як зане истода бо чашмони тар.
Чун Набӣ дид ашк дар чашмони ӯ,
Расми модар диду кард ӯ ҷустуҷӯ.
Дар симои дӯсти модар дид варо,
Ӯ ки зоду кам диду гашт з-ӯ ҷудо.
Ранги рӯяш ранги модар буду бас,
Бӯйи модар аз бараш омад ба кас.
Қисса кӯтаҳ, он зане дар пеши худ,
Улфати волидаи Аҳмад буд.
З-ин сабаб, ӯро ба хона хонд пеш,
Чунки дӯсти модараш донист кеш.
Ҷомаро аз тан бадар кард зери пош,
Гуфт, ки модар зинда мебуд дам кош?!
Пас, бияндохт хону пур кард дастуре,
Ончи буд дар хаймаш мавҷуд саре.
Аз ӯ мепурсид, Паёмбар, ҳолу кор,
Гӯш мекард, гиря мекард зор-зор.
Чунки дар лафзи зане овози нарм,
Хуш меомад чу ҳарфи гарм-гарм.
Суҳбати модар ба ёдаш мерасид,
Аз алам ангушти дастон мегазид.
З-он замон рафт рӯзҳову з-ин пасе,
Васли раҳм мекард Набӣ бо он зане.
Ҳар гаҳе, гар вақт фароҳам гашт, ӯ
Бар зиёрат мешитофт бар назди ӯ.
...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё