ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Яъне, чун дар аҳодиси дигар омада, аввалан, қарз, ки додӣ, омода бош, ки бозгашти онро, эҳтимолан, дигар намебинӣ ва омода бош, ки онро бахшида бошӣ!
Сониян, додани қарз, қоидаҳо дорад ва шарту паймона ва вақте ки ба ягон кас қарзи бошарт дода бошӣ, аввалан омода бош, ки онро худ риоя намоӣ ва ибрат ба қарзгиранда гардӣ, варна чун, мисол, ба даҳ рӯз додиву рӯзи панҷум онро талаб кунӣ, пас, қоидаро ту вайрон менамоӣ, ки аслан ба нақшаи қарзгиранда таъхир мекунӣ ва шояд қарзгиранда ба мақсади ниҳоии худ, бо ин кори кардаат, нарасад ва ё бо дигар сабабҳо, ҳамон рӯзи панҷум, дар даст он маблағи пурраро надошта бошад. Валлоҳу аълам!
Ва чун мабодо шарти бозгаштро вайрон намудӣ, пас, бидон ки золим гаштӣ ва қарзгиранда – мазлум, ки дар ин ҳолат, дуои мазлум иҷобат хоҳад гашт.
Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад!
……….
- Оид ба масоили тиловат намудани Қуръон бо овози нарму форам.
Қорие биншаста дар кунҷ, мисли зоғ
Мебаровард савти нофорам ва доғ.
Ояте мехонд, пур аз меҳри дин,
Бо садои гӯшхарош, гӯё, - зи кин.
Парда медаронду шоҳраг-ш ҷаста буд,
З-ин сабаб, овозу даҳнаш хаста шуд.
Чун фишор мекард вақти хондан ӯ,
Медамид аз ранги хун сурхӣ дар ӯ.
Зӯр меовард гулӯро тангнафас,
З-ин сабаб, булбул-ш бимурд дар он қафас.
Чун кунӣ зӯроварӣ, зӯре диҳанд,
В-он ҷасадро бурда, дар гӯре ниҳанд.
Зӯри беҳуда мазан, пас, ай фулон,
Чун миёнро бишканӣ дар роҳи он.
Хуб, чу гуфтем, қорие бо савти зишт,
Байни мардум тухмии нафрат бикишт.
Ҳар ки гӯш мекард, ҳолаш шуд дигар,
В-он яке бархесту гуфт: Валлоҳ, ҳазар!
Қисса кӯтаҳ, он чи орад бас малол,
Даст бикаш аз ону зудтар, айни ҳол.
Гар шавад мардум хаста аз сухан,
Пас, сухан кӯтаҳ намо дар анҷуман.
Байни мардум, гар сухан гӯйӣ, бизан
Ҳарфи нарму ҳарфи сода, ҳарфи тан.
Ҳар гаҳе, чун вақт ояд, кун назар Андаруни чашми мардум, ай писар!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё