ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

……….
- Оид ба масоили таъхир нанамудан дар воми ба кас додаат.
Эҳтиёҷманд, рӯзе аз рӯзҳои дарз,
Аз касе маҷбур гашт, гирад қарз.
То мадаррад ҷои пайванд дар бизоъ,
Аҳд карду баст сахт ӯ ҳар ду по.
Қарз гирифт аз шахси пулдор, шӯрбахт,
Буд подшоҳ, пас, фуру омад зи тахт.
Банд бубандӣ, бандае гарди ба кас,
Шаккаре аз най бидодӣ, гардӣ хас!
Хас, чу гаштӣ, хошокӣ, ай дӯст!
Аз бадан гӯшт рафту бин, монд як пӯст!
Ранги сурхат гашт пурра, бин, зард,
Хун чу рафт аз пӯст, гардад чин дард.
З-ин ҳама дороият монад лафз,
Ҳам равад оби бадан, монад нафс.
Ҳоли қарздор, қисса кӯтаҳ, ҳол нест,
Осмон андар сару лек, бол нест.
Дасту поҳо банд шаванд бо сими сахт,
Пас, намонад шодиву омад ва бахт.
Ҳоли онон, мисли ҳоли, дон, калб,
Баста гардан, дастнигар бар ҷайби қалб.
Гар диҳад соҳиб чизе, қадр мекунад,
Гар мадод, аккос ба рӯи бадр кунад.
Лек, бародар, қиссаи мо нест ин,
Марбути аркони вому доду дин.
Чун диҳӣ вом, аз қавоид дур марав,
Зомини қарзу қаваллоҳот машав.
Шартҳои вомро иҷро намо,
Чун худат шарте гузоштӣ, ай фато.
Гар бидодӣ қавл, биист бар қавли худ,
Мардӣ набвад газӣ аз пойи худ.
В-он ҳама маънӣ бигир аз он набат,
Ки биёяд рӯйи каф поёни хат:
...
Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
матлу ғаниййи зулмун”, яъне, дӯстам, “... агар сарватманд дар пардохти воми худ таъхир кунад, муртакиби зулм шудааст”.
Бале, дӯстам, вом додан, яъне додани қарз ба қарзгиранда – кори шӯхӣ несту инсонро водор мекунад, ки аз охири он кор, аввал, фикр намояд, пас, амал.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё