Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Келин, шумо ба ман гӯш кунед, аз гапи ман набароед, фоида мебинед, дар ҳамин шабу рӯз агар равед, фоидаи вай, ҳама ташвиш, даводавҳои мо беҳуда, барбод меравад, мефаҳмед нарафтанатон лозим, наравед...— Пеши ӯ зорию илтиҷо кард Шафиӣ.

«Дар ҳамин шабу рӯз...» Чаро дар ҳамин шабу рӯз наравад? «Даводавҳои мо бефоида» мегӯяд. Чаро? Мушарраф ба ин саволҳояш ҷавоб напурсида бо сари ҳам меистод.

— Аз аҳволи Нозимӣ хабар доред? Медонед ӯ чӣ рӯз дорад? — суоли Сабзагулро дод ба ӯ.

— Не,— ҷавоб дод.

— Шаҳноз шумо барин не, вай духтари шаҳр, чашмаш кушода шудагӣ. Рӯзи Нозимиро сиёҳ кардааст, дар пучоқи писта ҷой кунондааст ӯро, ба маргаш розӣ,— нимсӯхтаи папиросро ба замин партофта онро бо пошнаи туфлиаш пахш кард.— Вайро барои аракхӯриаш,— ба гап даромад боз ӯ,— масту аласт гаштанаш шумо мебахшидед. Шаҳноз аллакай Нозимиро ду бор ба ҳушёрхона бурда супурд, аз болояш ба редакция арз кард, ба райком, ба чор тараф навиштааст... «Ин одам муносиби ман не, пир, маро гаранг кард, аз роҳ зад... Ҳоло-ку аз вай як фарзанд, агар даҳто ҳам дошта бошам, ҷудо мешавам, безор шудам...» — гуфтааст. Ӯро ҳоло ба суд ҳам медиҳанд. Дер не, ба наздикӣ: ҳамин рӯзҳо ё ҳамин ҳафта. Агар қишлоқ равед дур шавед, чӣ фоида? Ман мехоҳам, вай боз ба назди фарзандҳояш биояд, онҳоро соҳиб шавад, ба роҳи нек дарояд. Шумо ҳам ба фикрам ҳаминро мехоҳед, шумо зани боандеша. Ё шумо ғами бачаҳоятонро намехӯред?

— Ғами онҳо дар дилам, муаллим.

— Наравед, қишлоқ дар ҷояш истодааст, дер намешавад, алалхусус дар ҳамин шабу рӯз...— гуфт ӯ боз.

«Алалхусус дар ҳамин шабу рӯз бояд ба қишлоқ наравад...» Чаро дар район будани ӯ барои Шафиӣ ба монанди обу ҳаво зарур. Ҳоло аз Нозимӣ халос нашудааст, ҳанӯз дар шӯъба ҳамроҳаш, беҳаш ковок гаштааст, аммо чаппагардон нашудааст. Боз ҷунбидан лозим. Имкон ҳаст... Агар Мушарраф равад, дар ҳақиқат заҳматҳои ӯ беҳуда. Ба Шаҳноз дигар гуфта наметавонад, ки Нозимӣ ба хонаи Мушарраф равуо дорад, дилаш ба ӯ, ба фарзанданаш... дузана аст ӯ... Шаҳноз ана ба ҳамин торҳои танидаи ин марди мӯйсафед дармондааст,

пешина
аз 399
навбатӣ