Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Қариб то ними шаб ҳамроҳи ҳамсояҳо ӯ гӯё кӯч не, об кашонд ба хона. Об аз фарши хона бо қади либосу палосҳо ҷорӣ. Хунук хӯрд, беҳолу бемадор, болои диван дароз кашид. Кӯдаконаш — Меҳрубону Мижгон яке болои сар, дигарӣ поёнтар аз ӯ пойкашол ни-шастанд... Кӯрпаю болинҳо миёни хона, сандуқу че-вонҳо ҳам. Долону роҳравҳо банд. Ҳамаи ашъёҳо та-лак-палак. Ҳамсояҳо гуфтанд, ки «ҳа» гӯяд, онҳоро ҷо ба ҷо кунанд. «Не, лозим не» гуфт... Боз як бори ди-гар фиреб хӯрд, Сабзагул гунаҳкор, Шафиӣ гунаҳкор...

Ҳамин пагоҳ — пагоҳие, ки падараш барои кӯчи ӯ омад, аз паи ҷустуҷӯи Шафиӣ афтода буд. Вайро но-дида рафтан намехост. Бо ҳамин либосҳое, ки ҳоло бо онҳо рӯ ба сақфи хона хобидааст, аз хона берун рафт. Бисёр овора нашуд. Шафиӣ як халтаи калони пурбор дар даст аз ошхонаи сари роҳ мебаромад.

— Салом алайкум, муаллим.

— Ваалайкум ассалом, — ба роҳаш рафтанӣ шуд Шафиӣ.

— Шуморо кофта омадам, муаллим.

— Ба хайр?

— Ман меравам.

— Куҷо?

— Кӯчида меравам, тамоман.

— Мекуҷед?!— Бо ҳарос такроран пурсид:— Мера-вед?!— Ба назари Мушарраф чунин намуд, ки Шафиии мӯйсафед бо шунидани ин хабар як қад парид, талха-каф шуд.

— Падарам омаданд, кӯчамро бурдани, бо шумо хайрухуш накарда наравам, гуфтам. Ман аз шумо мин-натдорам, шумо ба ман мадад расондед...

Шафиӣ ба «ман миннатдорам, ёрӣ дидам, ташак-кур...» гуфтани Мушарраф эътибор надод, ба гӯши ӯ суханҳои вай дигар надаромаданд. «Мекуҷад?» мепур-сид такроран вай бо сари хам аз роҳрав қадам мезад. Кисаашро кофта сигоре баровард, онро оташ дод, си-горро то охир накашид, фикр карда-фикр карда ба ху-лосае омад, ки «ҷои гап не, ин тараф биёед, келин», ба паси ошхона тоб хӯрд Шафиӣ. Ин ҷо сердарахт буд. Зери дарахти тути пире истод, халтааш дар даст, дар дасти дигар сигор, онро гоҳ-гоҳе миёни лабҳояш гу-зошта дудро фурӯ мебурд, ё ба ҳаво пуф мекард.

пешина
аз 399
навбатӣ