Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
Мушарраф ҳам андармон, ӯ дупушта доира мезанад. Агар Мушарраф равад чӣ?..
— Ҳамин тавр кунед, келин, гапи маро гиред, ба ҳеҷ куҷо наравед, ба мӯйсафеди падаратон ҳам фаҳмонед,— таъкид андар таъкид кард Шафиӣ ва дилаш пур нашуда боз пурсид:— Ё меравед?
— Не, намеравам,— хотири ӯро осуда кунонд Мушарраф ва «хайр» гуфт.
Шафиӣ ҳамчун Сабзагул ба ӯ хабари хуш расонд.
Рӯзи Нозимӣ аз ин ҳам бад шавад, тамошояршо Мушарраф бинад, гашта-гашта бо сари кашол боз пеши ӯ ояд вай... Ҳамин хел шавад, аз ин беш орзуе надорад. Агар бо ҳамин хол, бо сари кашол Нозимӣ ояд, «Мушарраф» гӯяд, ӯ аз ҷой хеста ба вай се бор таъзим медиҳад, «хуш, омадӣ», пазироиаш мекунад. Муродаш ҳамин, ин рӯз наздик, дур не, Шафиӣ гуфт. Беҳуда не»...
Мушарраф ним гашта, якпаҳлу шуда хест, миёни тифлаконаш пойкашол нишаст. Ангуштони нарми ӯ сари Меҳрубону Мижгонро сила мекард. Як даста чароғи барқи болои сараш фурӯзон, хоначаҳои хурдакакаш маъшалистон.
— Меравам, акнун худам меравам,— гуфт ӯ ва аз дил гузаронд, агар Шафиӣ хоҳад, нахоҳад ҳам. «Некию нағзие»-ро, ки имрӯз Нозимӣ дар ҳаққи ӯ боз раво дид, як умр аз хотир намебарорад.
Як гурӯҳ бачаҳо тозон ба ҳавлӣ даромаданд. «Холаи Мушарраф кӯчида омаданд! Бароетон, тезтар!» хабар оварданд онҳо. Аҳли хонадон берун давиданд. Модараш, додаронаш, зану кӯдакони онҳо... Бале, ҳама хурду калони хона баромада буданд, ба ҷуз падараш.
Ӯ аз вай рӯ тофта будааст. «Дигар ба рӯяш нигоҳ намекунам, безорам аз вай» гуфтааст. Ҳақ дорад ӯ ба ин, ҳақ дорад, ки вайро дигар фарзанд нахонад, дар хонааш роҳ надиҳад, пешаш кунад. Нозимиро дида Мушарраф худашро боз гум кард, ӯ аблаҳ, аблаҳ набошад, ба одами маст бовар мекард. Баъди кӯчҳои ӯро аз миёни ҳавлӣ, аз таги борон ба хонаашон кашондан ҳамсояҳо чӣ тавр ғайб задани Нозимиро нақл карданд, аз ханда рӯдакан шуда.
Нозимӣ рӯ ба рӯи Мушаррафу Меҳрубон меистодааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё