Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Медидааст, ки Мушарраф гирён, ҳолаш табоҳ, ҳоли писаракаш ҳам. Падар онҳоро дашном медод, ҷанҷолу хархашае... Ана дар ҳамин лаҳза Шаҳноз дар роҳ намоён шудааст. Нозимӣ ӯро дидаасту ҳуш аз сараш паридааст, ҳушёр шудааст... Тарафаш давидааст, пешпо хӯрдааст, сараш калавидааст, ба даруни ҷӯи канори роҳ афтодааст, хеставу боз аз паи Шаҳноз «Шаҳноз, Шаҳноз», фарёд задааст. Шаҳноз бозгаштааст, ҷонибаш як бо ғазаб назар андохтаасту рӯ ба роҳаш овардааст. «Маро бубахш, Шаҳноз, тавба кардам, дигар намекунам...» Аз пасаш канда нашудааст, тарсида будааст, тарсидааст, ки Шаҳноз вайро дар назди хонааш, дар пеши Меҳрубон, Мушарраф дид, хуб нашуд, афсӯс...

Бегоҳи ҳамон рӯз воқеаи нохуши дигаре ҳам ба сари Нозимӣ омада будааст. Аз ин Мушарраф вақте хабардор шуд, ки пеш аз кӯчбандӣ ба қишлоқ ба идораи рӯзнома сим зада Шафииро пурсид, бо ӯ вай хайрухуш карданӣ буд.

Гӯшаки телефонро каси дигар бардошт... Мушаррафро шинохт ӯ.

— Янға, Нозимиро мепурсед?

— ...

— Нозимӣ дигар дар ин ҷо кор намекунад.

— Кор намекунад?!

— Аз кор пеш карданд.

Мушарраф чанд лаҳза чӣ гуфтаниашро надонист: «Нозимиро пеш карданд?!»

— Муаллим Шафииро чеғ занед, — хоҳиш кард.

— Муаллим, ман очаи Меҳрубон, — шиносонд ӯ худашро.

— Шинохтам.

— Муаллим, ман меравам.

— Куҷо? — Овози Шафиӣ сард буд.

— Муаллим, ман очаи Меҳрубон, — дар шубҳа афтод Мушарраф.

— Шинохтам.

— Ман меравам, қишлоқ кӯчида меравам, тамоман, — такрор намуд.

— Ихтиёратон, — ҳарфи дигаре нагуфт Шафиӣ. Хомӯшии ӯ Мушаррафро аз худ бехабар, девона кард. «Хайр» гуфт, ҷавобе нашунид, гӯшакро ба ҷояш партофт. «Ин одам Шафиӣ набуд? Не, худи ӯ буд. Ё вайро

пешина
аз 399
навбатӣ