Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
Мадина, ки дастонаш дар кисаи нимтанаи чармини сиёҳаш буданд, чизе расид.
— Шодмон, ман ҳамин ки борро супурдам, меоям, дилатро бақувват гир, — бо лабханди ширин дасташро аз киса бароварда ба ӯ «хайр» гуфт. Онҳо рафтанд, лекин дар хаёли Шодмон, Мадина буд, ки ҳанӯз рӯ ба рӯяш истода «хайр, ман меоям» мегуфт.
Баъди сӯҳбат бо дигарон, муфаттиш дар чашми Шодмон одами дигари хушмуомила намуд.
— Марҳамат, баробари ба ҳуҷрааш даромадани ӯ нимхез шуд ва барои нишастан ба вай ҷой нишон дод.
Баъд қалам миёни ангуштон назди яке аз тирезаҳо омад. Нигоҳи ӯ ба қуллаҳои баланди кӯҳ бархӯрд. Чоҷои нишебиҳои кӯҳро барф гирифта буд. Аз бари кӯҳ селаи турнаҳо ба як оҳанг садо дода паст парвоз доштанд. Онҳо гӯё суруди баҳор мехонданд. Шиму костюми нави кабӯдтоб ба қади баланд, пайкари пураи муфаттиш мезебид. Мӯйҳои ғафсаш мошубиринч метофтанд.
Ӯ марди хушсимо буду танҳо дар як бари рӯяш чароҳати кӯҳнае ба назар мерасид. Вале ҳоло чеҳраи ӯ ба назари Шодмон нисбатан гарм намуд. Ҳис кард, ки ба кори вай ин одам ба таври ҷиддӣ машғул шуданист.
— Ному насаби шумо чӣ буд? — сари миз омада пурсид муфаттиш.
— Шодмон Шарифов.
— Ному насаби ман Саид Аброров, — худро шиносонд ӯ. — Маслиҳат шуд, ки кори кофтукови бори мошини шуморо худи ман ба зимма гирам. Шумо розӣ?
— Ҳа, рафиқ капитан.
— Ин тавр бошад, шумо кори моро душвор накунед. Ба саволҳо рост ҷавоб диҳед, дурӯғ нагӯед. Дурӯғ кори ҳамаи моро дӯлоб мекунад. Фарз кардем, — суханашро идома дод Саид Аброров, — мо имрӯз ё пагоҳ ба ҷои коратон рафта пурсем: Шодмон Шарифов чӣ хел одам? Ё баёнот гирем... Киҳоро тавсия медиҳед?
— Ихтиёратон, аз ҳар кас хоҳед пурсед.
— Нағз, агар аз Асрор Қосимов пурсем-чӣ?
— Чӣ ба аз Асрор? Номи вайро ба шумо кӣ гуфт?
— Гуфта будем, ки дурӯғ ба тафтиши мо зарар меорад, корро чигил мекунад. Рафиқи худатон Сангин гуфт, дар бораи шумо ана аз ҳамин одам пурсем, ҳаққи гапро мегуфтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё