Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

— Бори мошини ман гум шуд, — гунаҳкорона ин чанд суханро ба забон овард Шодмон.
— Бори машинат гум шуд? Бори машинат чӣ буд? Қай гум шуд? Дар куҷо гум шуд? Ту худат кӣ? — Паи ҳам савол медод муфаттиш.
— Бори машинам мотоцикли «Урал» буд, дар Кабудҷар гум шуд, ҳамин шаб, — Шодмон аз оҳанги нописанонаи муфаттиш ранҷид. Чашмони зираки муфаттиш сар то пои ӯро муоина мекарданд. Туфлиҳои сурхчатоби пешборик, шими мушкаранг, пальто, куртаи сафеди оҳарӣ, мӯйсари чингираи андаке расидаи Шодмон ба ӯ нафориданд. Ваҷоҳати ин бача ба хаёлаш шубҳаангез намуд.
— Чанд мотоцикл буд?
— Сето.
— Ҳм, се мотоцикли «Урал». Се ҳазорӣ нӯҳ ҳазор. Пули кам не-а? Пули бедарди миён, пули давлат, — гӯё мотоциклҳоро Шодмон фурӯхта бошад, муфаттиш ӯро ба истинтоқ гирифт. — Борро Помир бурдани будам гуфтӣ?
— Ҳа.
— Худат танҳо?
— Не, мо чор нафарем.
— Рафиқонат рафтанд?
— Не, онҳо ҳам дар ҳамин ҷо, дар паси дар.
— Онҳо чӣ бор доранд?
— Мотоцикл.
— «Урал»?
— Ҳа.
— Аҷоиб, чиба танҳо бори мошини ту гум шудааст? — аз худ пурсид муфаттиш ва ба андеша рафт. Сипас ӯро ҷавоб дода бо ҳамроҳонаш алоҳида-алоҳида сӯҳбат кард. Гапи вай бо Сангин тӯл ёфт. Ҳамроҳонаш дар саҳни идораи милисия нигаронаш буданд.
— Сӯҳбати ин одам бо муфаттиш қаймоқ баст, чиҳо мегуфта бошад? — ташвишомез гуфт Мадина.
— Бигузор чӣ ки медонад гӯяд! — пичиррос зад Шодмон. Сангин баромад.
— Одами сергап будааст, гапҳое мегӯяд, ки... аҳмак, дуздро монда паяшро гирифтанӣ, — муфаттишро сарзаниш кард ӯ.
Ҳамроҳони Шодмон аз роҳаки сангфарши саҳни идораи милисия, ки дарахтони арча ба он соя медоданд, хомӯш мерафтанд. Чанд қадам рафтанд. Ба хотири

пешина
аз 399
навбатӣ