Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Хотири Мадина осудатар гашта худашро ба пасболинаки нишастгоҳ такя дод.

— Роҳи Помир хатарнок, Шодмон, ҳар бори ба ин ҷо рафта омадан ҷони кас ба лаб меояд, одамро воҳима мегирад. Лекин ҳоло ин роҳҳо нағз, — гуфт Мадина.

— Ҳамин роҳ нағз?! Магар аз ин ҳам боз бад мешавад?

— Эҳа, чӣ хеле ки мегӯянд, ту ҳоло Яғнобро шаб гузаштӣ. Дар пеш ағбаҳо, як гардишҳое, ки хаёл мекунӣ, мошин ҳозир ба дарё меравад. — Пас аз андаке тавакқуф Мадина боз илова кард: — Ба Сафедорон, ки расидем, дарҳол ба милисия хабар медиҳем, дер шуд нағз нашуд.

Роҳи ноҳамвор чун мор ба танаи кӯҳ мепечид. Дар поён дарё, дарё бо ғулғула равон буд.

— Сурхоб, — гуфт Мадина.

Баъд каме боз роҳ паймуданд.

— Расидем, Сафедорон, — Мадина мавзеи чароғонеро, ки дар оғӯши кӯҳ намоён гашта буд, ба Шодмон нишон дод.

Паси дари кабинети муфаттиши шӯъбаи милиция серодам буд: як зани кӯдакдор, ду мӯйсафед, ҷавони сару рӯяш докапеч... Баъди онҳо Шодмон.

Навбати Шодмон омад. Ӯ оҳиста дарро нимроғ кард. Муфаттиш марди миёнасоли айнакӣ дафтари муқовасурхи калонеро варақ зада дар паҳлӯи баъзе сатрҳо ишора мемонд. Вай дар ҷавоби саломи Шодмон сарашро аз болои дафтар бардошта, аз паси айнак ба ӯ нигарист.

Сардор дафтарро як сӯ тела дода айнакро аз чашмонаш гирифт.

— Чӣ шах шуда истодай, бача, гузар шин, — гуфт ӯ.

Шодмон ба курсии назди девор нишаст ва аз дил гузаронд: кормандони милиция аҷаб хислате доранд. Баъзеашон пир шуда аз пайкол монанд ҳам, дағалу бадмуомилаанд.

— Хӯш, чӣ хизмат? — пурсид муфаттиш.

Шодмон телпакашро аз сар гирифта бархост.

— Шишта гап зан, саросема нашав, — гуфт ӯ.

пешина
аз 399
навбатӣ